Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Саудӣ баъди "сулҳ"


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо тими наврасони Арабистони Саудӣ дар меҳмонӣ ду бозии дӯстона анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзҳои 7-ум ва 9-уми август дар шаҳри Тоиф баргузор шуданд. Бозии аввал бо натиҷаи мусовии 3:3 ба поён расид. Дар бозии дувум наврасони Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (СAFA), ки аз 26-уми июл то 1-уми август дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор шуд, бори аввал соҳиби Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило гардид.

Дастаи мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ (U-16) бошад, ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Федератсияи футболи Осиёи Ғарбӣ (WAFF) гардидааст, ки аз 1-ум то 11-уми июл дар Урдун доир шуд.

Бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 14-ум то 22-юми сентябри имсол дар Урдун барпо мегардад. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт мебошанд.

Бозиҳои дӯстона

Арабистони Саудӣ (U-16) – Тоҷикистон (U-16) – 3:3

Голҳои Тоҷикистон: Муҳаммадворис Саидалиев (2), Суннатулло Азизов.

7 август. Тоиф, Арабистони Саудӣ.

Арабистони Саудӣ (U-16) – Тоҷикистон (U-16) – 2:0

Тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф нарасонд: Муҳаммадворис Саидалиев.

9 август. Тоиф, Арабистони Саудӣ.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони зери 18-солаи футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов рӯзҳои 26-ум ва 29-уми июли соли равон бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона баргузор карда буд. Ҳарду бозӣ, ки дар шаҳри Тоифи Арабистони Саудӣ доир шуд, бо ҳисоби якхелаи 1:1 хотима ёфт.

Шарҳҳоро бинед (1)

XS
SM
MD
LG