Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон аз раҳбарони нав хост, "пайваста омӯзанд"


Зимни мулоқот бо афроде, ки нав таъйин шудаанд
Зимни мулоқот бо афроде, ки нав таъйин шудаанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд қарору фармон, теъдоде аз мақомоти баландпояро аз вазифаҳояшон озод ва афроди дигарро ба ҷойи онҳо таъйин кардааст. Дафтари раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 10-уми август, гуфт, аз ҷумла Зикрихудо Самадзода, раиси ноҳияи Ишкошимро ба кори дигар гузаронидаанд ва ба ҷойи ӯ, Мусо Мирзозодаро таъйин кардааст.

Дар мақоми қаблан холишудаи муовини аввали фармондеҳи нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон Ҳикматулло Пиракзода таъйин шудааст. Шоиста Саидмуродзодаро муовини вазири нақлиёт ва Маҳмадкарим Соҳибзода, муовини мудири муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таъйин шудаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот аз ин афрод хост, “бо таҷрибаву дониши андӯхта қаноат накарда, пайваста омӯзанд, бо техника ва технологияи муосир кор карданро дар мадди аввал гузошта, забонҳои хориҷиро аз бар намоянд. Ба рӯйдоду воқеаҳои ҷаҳони муосир баҳои объективӣ дода, таҷрибаи мустақилона қарор карданро доро бошанд.”

XS
SM
MD
LG