Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: Конгресси ИМА дар бораи созиши русҳо бо Трамп иттилоъ ёфт


Чанд бонки бузург ба Конгресси ИМА иттилоеро дастрас карданд, ки "марбут ба русҳоест, ки эҳтимол бо Трамп, хонаводаи вай ва ё ширкатҳояш доду ситад доштаанд". Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои нашрия, бонкҳое амсоли Bank of America, Citigroup, Deutsche Bank, JPMorgan, Morgan Stanley ва Wells Fargo ба Конгресс маълумот додаанд.

Пештар аз ин Трамп бо ҳадафи маҳдуд кардани дастрасӣ ба суратҳисобҳои бонкӣ ва иттилоъ дар бораи пардохтҳои молиаш ба додгоҳ шикоят бурда буд.

Моҳи майи соли ҷорӣ сенати аёлати Ню-Йорк қонунеро қабул кард, ки имкон медиҳад, иттилоъ дар бораи пардохтҳои молии президент ба Конгресс ироа гардад.

Ҳамчунин моҳи апрели соли ҷорӣ ду кумитаи Палатаи намояндагони ИМА аз бонкҳо дар бораи дороиҳои Доналд Трамп иттилоъ дархост карда буданд.

Моҳи март додситонии Ню-Йорк аз бонкҳои Deutsche Bank ва Investors Bank дар робита ба ширкатҳои Трамп иттилоъ дархост карда буд.

XS
SM
MD
LG