Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳо дубора ба хонаи Алмосбек Отамбоев наздик мешаванд


Рӯзи 8-уми август дубора шумораи зиёди нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ ба хонаи раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар Қой-Тош, канори шаҳри Бишкек наздик шудаанд. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз онҳо маъмурони пулисанд ва дар миёнашон вазири корҳои дохилӣ Кашкар Ҷунушалиев низ мушоҳида шудааст. Гутфа мешавад онҳо аз гази ашковар истифода мекунанд. Вале дар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар ин бора ҳеч иттилоъ надодаанд. Манзили зисти Отамбоев ҳанӯз ҳам дар иҳотаи тарафдоронаш мебошад.

Дар ин боара бештар бихонед:

Амалиёти боздошти Отамбоев як кушта ва беш аз 50 захмӣ ба ҷой гузошт. ВИДЕО, АКС

Талоши боздошти президенти пешин бо муқовимати хунин рӯбарӯ шуд. ВИДЕО

Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон тазоҳуроти бемуҳлат эълон кард

XS
SM
MD
LG