Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони заҳролудшудаи узбек ҳанӯз ҳам бистариянд


Раёсати тандурустии вилояти Самараи Русия мегӯяд, ҳудуди 60 шаҳрванди Узбекистон, ки 17-уми июли соли равон заҳролуд шуда буданд, ҳанӯз ҳам дар беморхона қарор доранд.

"57 шаҳрванди Узбекистон дар бемористонҳои вилоят бистарӣ буда, 12 тани дигар ҷавоб дода шуданд",-иттилоъ додааст РИА Новостӣ бо истинод ба намояндаи Раёсати тандурустии Самара.

Ёдрас мешавем, 17-уми июли соли равон дар вилояти Самара 69 шаҳрванди Узбекистон бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз "маводи номаълум" ба беморхона интиқол дода шуданд.

Шаҳрвандони Узбекистон дар як корхонаи Самара кор мекарданд. Роҳбарияти корхона мегӯяд, ҳамаи муҳоҷирон фаъолияти қонунӣ дошта, дар асоси шартнома кор менамуданд. Корфармо хабар дод, ки харҷи табобати муҳоҷиронро мепардозад.

Ҳодиса таҳти назорати Вазорати умури хориҷии Узбекистон қарор дорад.

XS
SM
MD
LG