Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон ҳам "маршировка" дилбазан шудааст


Дар Туркманистон омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи истиқлолият шуруъ шуд, ки 27-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад. Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми август аз Ишқобод иттилоъ дод, ки омодагиҳо ба таҷлил шуруъ шуданд.

"Маршировка дар варзишгоҳи "Дагдан" шуруъ шуд. Одамонро маҷбур мекунанд, ки дар ҳавои тафсон машқ кунанд. Об нӯшидану ғизо хӯрдан намемонанд. Кормандони муассисаҳои буҷавиро ба маршировка баровардаанд",-гуфт хабарнигор.

Дар ҳоли ҳозир дамои ҳаво дар Ишқобод рӯзона ба 45 дараҷа гармӣ мерасад. Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки президенти он кишвар 5-уми август фармони омодагӣ ба таҷлил аз Рӯзи истиқлолиятро содир кардааст.

Ба навиштаи расонаҳо, низомиҳо низ барои таҷлил аз ин ҷашн омода мешаванд. "Маршировкаи низомиҳо дар минтақаи низомии Бекревин шуруъ шуд. Аз ҳамаи қисмҳои низомӣ 10-20 тан сарбозу афсар ҷалб шудааст", -гуфт хабарнигор.

Ширкат дар маршировкаҳо барои кормандони соҳаи буҷавӣ ва донишҷӯёни Туркманистон ҳатмӣ аст.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG