Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Озодӣ Онлайн". Нигоҳе ба пули мансабдорон ва менталитети тоҷикон. ВИДЕО


Тоҷикон накӯкоранд ва ё аз назари менталитет аз аврупоиҳо фарқ доранд?

Бо иҷозаи Шумо, имрӯз дар бораи менталитет ва ё тарзи тафаккури тоҷикон гап мезанем, ки ба гуфтаи як мақоми расмӣ аз аврупоиҳо фарқ дорад ва, барои ҳамин, онҳо набояд аз сарвати мансабдорон огаҳ бошанд.

Ин гуфтаи Ҷумъа Давлатзода, раиси Оҷонси хидмати давлатӣ дар охири ҳафтаи гузашта дар ҳама ҷо паҳн шуд. Фаррух дар вебсайти Радиои Озодӣ аз Ҷумъа Давлатзода пурсидааст, ки чаро барои фаҳмидани дороиҳои мансабдорон мафкураи тоҷикон бояд дар сатҳи мафкураи аврупоӣ бошад?

Ӯ навиштааст, "дороиҳояшонро эълон кунед, баъд мебинед, ки мардум боз чӣ қадар дороиҳои дигарашонро ёфта, ба ҳукумат медиҳанд."

Парвиз ҳам дар поварақи гузориши Радиои Озодӣ навиштааст, дигар ба ҳукумат бовар надорад. Ӯ мегӯяд, "аз ҳукумат дилам бисёр мондааст. Дигар аз давлат ягон умеде надорам. Тоҷикам, давлат дорам гуфта фахр намекунам. Ягон грамм адолат нест. Умуман дар фикри мардум нестанд."

Дар Фейсбук ҳам гап дар ин бора зиёд аст ва Қадам Исматов, яке аз онҳоест, ки ба баҳсҳо ҳамроҳ шудааст. Ӯ дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштааст, "дороии ҳама мансабдорону курсинишинон бояд шаффоф бошад".

Айни замон, ба қавли ин корбар, "Ҷумъа Давлатзода рост гуфтааст, чун тоҷикон мисли ғарбиҳо ҳаққу ҳуқуқи худро намедонанд. Ҳарчанд медонем, ки баъзеҳо аз роҳи дуздӣ сарват ҷамъ овардаанд, аҳамият намедиҳем ва агар садақа кунанд, давида меравем ош мехӯрем ва боз раҳмат мегӯем."

Видеоро дар инҷо бинед:

Озодӣ Онлайн: "Аз ҳукумат ҳамин қадар дилам мондааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Агар дар Инстаграм ҳастед, пас як таҷрибаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанберо дидед, ки худро духтари муҳтоҷе вонамуд кард ва аз раҳгузарон пули роҳкиро пурсид.

"Усмон 2016" дар шарҳи ин видео навиштааст, "мардуми тоҷик ҳар куҷое набошад, хайри худашро дареғ намедорад. Намуна ҳамон духтарест, ки дувуним сомонӣ дошт, вале хайр кард. Худаш духтар аст, вале дили Шерро дорад."

"Абдулазиз 3009" навиштааст, дар бозори "Корвон" ба як зане кумак кард, вале рӯзи дигар дар ҳамон ҷо ҳамон занро ки дид, ки роҳкиро мепурсид. Умедҷони Лоиқ мавзӯъро ба дигар тараф ба фаъолияти нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар Тоҷикистон кашида ва навиштааст: "Хабарнигори муҳтарам, мисли нозирони роҳ рафтор кардед, 5 сомонӣ деҳ, 5 сомонӣ деҳ гуфта."

Шумо ҳам назари худро бигӯеду бинависед ва бифристед, чӣ дар вебсайти ozodi.org ва ё чӣ дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Инстаграмму Фейсбук ва Телеграм. Фиристодани видеоҳоро ҳам фаромӯш накунед.

Шарҳҳоро бинед (1)

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG