Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони пулис вазифадор шуданд, дар манзилҳои хидматӣ зиндагӣ кунанд


Сардори Идораи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои пулиси вилояти Тошканди Узбекистон Ҳомиҷон Зокиров 5-уми август қарореро имзо кард, ки бар асоси он, нозирони идора дар манзилҳои хидматии воқеъ дар минтақаи зери назораташон зиндагӣ хоҳанд кард.

Як подполковники милитсия ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ба имзои қарор амали худи нозирон сабаб шуд, ки пас аз адои соатӣ корӣ манзилҳои хидматиро тарк карда, ба хонаҳои худ бармегаштанд.

Президенти Узбекистон моҳи апрели соли 2017 барномаеро тасдиқ кард, ки таъмини нозирони пулис оид ба умури фаҳмондадиҳиро бо манзили зист дар минтақаи зери назораташон пешбинӣ мекунад.

"Давлат махсус барои онҳо хона ҷудо кард, то шабу рӯз онҷо зиндагӣ кунанд ва аз вазъи минтақаи зери назораташон огаҳ бошанд. Вале нозирон пас аз соати корӣ дари хонаҳоро маҳкам карда, ба манзилҳои зисти хусусии худ бармегарданд. Бинобар ин, Зокиров маҷбур шуд, ин қарорро имзо кунад",-изҳор дошт подполковник.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG