Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин аз амрикоиҳо хост, ба кори Ҳонконг дахолат накунанд


"Ҳонконг мутааллиқ ба Чин аст ва Пекин ба ҳар касе, ки ба ягонагии Чин дахолат мекунад, посухи қатъӣ хоҳад дод." Дар ин бора намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин дар умури Ҳонконг рӯзи 6-уми август изҳори назар кард.

Баъд аз изҳори назари Нэнсӣ Пелосӣ, раиси Палатаи намояндагони Амрико, дипломати чинӣ қатъи фаврии робитаи сиёсатмадорони амрикоиро бо ҷудоихоҳони Ҳонгонк талаб кард.

Ҳонконг, минтақи махсуси Чин, яке аз марказҳои пешгоми иқтисодии ҷаҳон, то соли 1997 мустаъмараи Бритониё буд. Моҳҳои охир он ҷо зидди нуфузи афзояндаи Чин сокинони маҳаллӣ эътироз доранд.

Иқдомҳои эътирозӣ ба занозанӣ бо пулис анҷом мешавад. Ҷудоихоҳон то кунун бекорсозии қонуни истирдоди ҷинояткорони эҳтимолиро ба Чин ба даст оварданд.

XS
SM
MD
LG