Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИМА ва СММ аз бад шудани вазъ дар Кашмири Ҳинд


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки вазъиятро дар Кашмир пас аз он ки Ҳиндустон мухторияти ин минтақаи мусалмоннишин бекор кард, бо диққат пайгирӣ мекунад.

“Мо аз боздоштҳои густарда дар ин минтақа, ки гузоиш шудаанд, нигаронем. Лағви мухторияти Кашмири зери назорати Ҳинд мумкин аст, сабаби хушунатҳои нав гардад,” – гуфт сухангӯйи Департаменти давлатии Амрико Морган Ортагус рӯзи 5 август.

Вай аз ҳамаи тарафҳо хост, “оромиро дар масири Хатти Назорат, ки амалан марзи байни Ҳинд ва Покистон дар Кашмир аст, нигоҳ доранд.”

Ҳамзамон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш низ аз тарафҳо хост, “хештандорӣ кунанд”. Сухагӯйи ӯ, Стефан Дуҷаррик ба хабарнигорон гуфт, нозирони низомии СММ дар Ҳинд ва Покистон “афзоиши амалкардҳои ҳарбиро мушоҳида кардаанд ва дар ин бора гузориш додаанд”. Ин ҳам дар ҳоле ки хатти назорати байни ду қисмати Кашмир ҳамеша ноором будааст.

Ҳинд ва Покистон пас аз тақсимшавии нимҷазираи Ҳинду-Покистон, бар сари Кашмир ду бор вориди ҷанг шудаанд. Покистон ва Ҳиндустон дар соли 1947 ба ду кишвари мустақил ҷудо шуданд. Аз он замон то ба ҳол ин ду кишвар дар душманӣ ба сар мебаранд. Аксари мардуми Покистонро мусалмонон ва аз Ҳиндро ҳиндуҳо ташкил медиҳанд. Ҳудуди 200 миллион аз аҳолии Ҳинд мусалмонон мебошанд ва аксарияти аҳолии Кашмирро низ мусалмонон ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG