Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали гуштигирони навраси тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар София


Шероз Очилов (аз рост) ва Фирӯзи Мирзораҷабов.
Шероз Очилов (аз рост) ва Фирӯзи Мирзораҷабов.

Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии юнонӣ-румӣ, ки рӯзҳои 3-4-уми август дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуд, ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ – ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ Тоҷикистонро се варзишгари навраси синашон то 18-сола – Фирӯз Мирзораҷабов, Шероз Очилов ва Ҷаъфарҷон Зафарзода дар рақобатҳо оид ба гуштии юнонӣ-румӣ намояндагӣ карданд.

Шероз Очилов дар вазни зери 65 кило соҳиби медали нуқра гардид. Ӯ қувваозмоиро аз даври ҳаштякниҳоӣ шуруъ кард. Нахуст бар Арман Хачикян аз Арманистон пирӯз шуд. Дар даври чорякниҳоӣ Роберт Паул Перезро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мағлуб намуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард.

Шероз дар нимфинал Ҳоҷат Ҳасан Ризоии эрониро шикаст дода, ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Дмитрий Бонка (Беларус) мағлуб шуд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.

Вазни зери 65 кг

Финал

Дмитрий Бонка (Беларус) - Шероз Очилов (Tоҷикистон) - 6-2

71кг - 28 участников

1. Дмитрий Бонка (Беларус)
2. Шероз Очилов (Tоҷикистон)
3. Аттила Томас Тоесмаги (Маҷористон)
3. Арман Хачикян (Aрманистон)

Варзишгари дигари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов низ рақобатро дар вазни зери 55 кило аз даври ҳаштякниҳоӣ шуруъ кард, вале аз варзишгари Ҳиндустон Правин Пандуранг Патил мағлуб гашт. Баъдан Фирӯз дар даври тасаллобахш Ливиа Томас Скрзипзаки лаҳистониро шикаст дод ва дар қувваозмоӣ барои ҷойи севум бар Умар Будаеви русиягӣ пирӯз шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Вазни зери 55 кило

ФИНАЛ
Правин Пандуранг Патил (Ҳиндустон) - Ниҳод Зоҳид Маммадлӣ (Озарбойҷон) 0-9

1. Ниҳод Зоҳид Маммадлӣ (Озарбойҷон)
2. Правин Пандуранг Патил (Ҳиндустон)
3. Аброр Атобоев (Узбекистон)
3. Фирӯз Мирзораҷабов (Tоҷикистон)

Зимнан, Фирӯз Мирзораҷабов аввали моҳи июли имсол дар қаҳрамонии Осиё медали тилло ва Шероз Очилов медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҷаъфарҷон Зафарзода дар вазни зери 71 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Александрин Гуту (Молдова) шикаст хӯрда, аз идомаи сабқат маҳрум шуд.

Вазни зери 71 кило

ФИНАЛ
Степан Стародубсев (Русия) – Ризо Раҷаб Алӣ Соқӣ (Эрон) - 1-4

1. Ризо Раҷаб Алӣ Соқӣ (Эрон)
2. Степан Стародубсев (Русия)
3. Александрин Гуту (Mолдова)
3. Фурқон Tас (Tуркия)

XS
SM
MD
LG