Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

250 ҳазор сомонӣ -- зиёни сӯхтор дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


Мақомоти Идораи оташнишонӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳаҷми зарари ворида аз оташсӯзӣ дар як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар ҷамоати "Фрунзе"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро 250 ҳазор сомонӣ гуфтаанд.

Сӯхтор дар ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ рӯзи 14-уми июл сар зад. Масъулони Вазорати умури дохилӣ дар шарҳи ҳодиса гуфта буданд, ки сӯхтор замоне сар зад, ки соҳибони ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар вақти гармии ҳаво мошини пур аз газро ба зарфҳо холӣ мекарданд.

Сироҷиддин Каримов, молики ин нуқтаи сӯзишворӣ душанбеи 5-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зарараш аз ин бештар аст, ки мақомот гуфтааст. "Мошин низ сӯхт, бушкаҳо сӯхтанд ва бино, вале касе зиёни моро пардохт намекунад".

Ин сӯхтор дар ҳоле сар зад, ки ҳам сокинон ва ҳам мақомот аз хатари нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки ғолибан дар наздикии маҳаллаҳои аҳолинишин ҷойгир ҳастанд, нигаронӣ мекунанд. Онҳо ба ин назаранд, ки ин нуқтаҳо бояд дуртар аз маҳаллаҳои аҳолинишин сохта шаванд.

Дар навори ахир аз сӯхтор дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ дида мешуд, ки ҳодиса дар наздикии як маҳали аҳолинишин сурат гирифтааст. Муқим Самадзода, раиси ҷамоати деҳоти "Фрунзе" ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сӯхтор дар нуқтаи сӯзишворӣ ба хонаҳои мардум зараре ворид накард, вале ин эҳтимол вуҷуд дошт, ки фурӯшгоҳу хонаҳои мардумро ба коми худ барад.

Сулаймон Исозода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Хатлон гуфт, ки ҳудуди минтақа чандин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба аҳолӣ наздик аст, ки барои мардум хатар дорад. "Сохтмони онҳо ба салоҳияти ҳукуматҳои маҳал ва идораҳои замин аст, ки набояд наздик ба мардум сохта шавад",-афзуд вай.

Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон низ дар сӯҳбат гуфт, ки бояд ин нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз маҳаллаҳои аҳолинишин дур бошад. "Бояд таҳқиқ кунем, ки то куҷо ба аҳолӣ наздик ҳастанд, дар нақшагирӣ инро дида мебароем, бояд нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз рӯи қоида сохта шаванд".

Дар гузашта низ дар Хатлон чанд ҳолати сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шуда буд, ки дар натиҷа ба хонаҳои мардум зарар ворид карда, чанд нафар ҳам осеб дида буданд. Бар асари як чунин таркиш дар соли 2017 дар ҷамоати “Бустонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Малихон Малахови 35-сола фавтида ва 21 нафар бо шумули кӯдакону наврасон ҷароҳат бардоштаанд.

Он замон идораи оташнишонӣ ва дигар мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин бунёд шавад. Огоҳони умур мегӯяд, ки пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар як ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG