Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Буҷавиҳо"-и туркман танҳо баъди пардохти харҷҳои коммуналӣ маош мегиранд


Мақомоти Туркманистон чораҳои пайдо кардани қарздорон ва маҷбур кардани онҳоро ба пардохти харҷҳои коммуналӣ идома медиҳанд.

Ба вижа, ходимони давлатӣ танҳо баъди пардохти харҷҳои коммуналӣ ва дар коргоҳ нишон додани ҳуҷҷати қарздор набудан аз истифодаи барқу обу газ, маош дарёфт мекунанд.

"Ба кормандони будҷавӣ то замоне, ки онҳо ҳуҷҷати қарздор набудани манзили зисташонро нишон надиҳанд, маоши моҳи июл ва августро пардохт намекунанд",-гуфт як сокини вилояти Лебапи Туркманистон.

Ба гуфтаи вай, дарёфти ҳуҷҷат дар бораи қарздор набудан вақти зиёдро талаб мекунад.

"Барои дарёфти ин ҳуҷҷат ҳадди ақал як моҳ вақт сарф мешавад. Дар муассисаҳои пардохти ҳаққи истифодаи барқ навбатпоии тӯлонӣ дида мешавад. Барои дарёфти фаврии ҳуҷҷат баъзеҳо иҷборан пора медиҳанд",-гуфт ин сокини маҳаллӣ.

Бархе аз роҳбарони ноҳияҳои Туркманистон мегӯянд, додситонӣ аз онҳо тақозо кардааст, ки аз кормандони бахши будҷавӣ чунин ҳуҷҷат талаб кунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG