Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадовро дар назди "Дарвозаи ҷаҳаннам" нишон доданд


Телевизиони давлатии Туркманистон дар давоми беш аз даҳ рӯзи ахир бори нахуст президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро намоиш дода, иттилоъ дод, ки раисҷумҳур дар рухсатиаш бо варзиш машғул аст.

Дар барномаи "Ватан" нишон дода шуд, ки Бердимуҳаммадов чи гуна, дучархаронӣ, аспсаворӣ ва аз силоҳ оташ мекушояд. Ҳамчунин дар навор дида мешуд, президенти Туркманистон пушти фармони мошини варзишие нишаста, тариқи биёбони Қароқум то ба даҳонаи гази сӯзон, ки бо номи "Дарвозаи ҷаҳаннам" маъруф аст, ҳаракат мекунад.

Президенти Туркманистон бори охир, пас аз паҳни овозаи маргаш 24-уми июли соли равон намоиш дода шуд. Вале навори нашршуда дар рӯзи 24-уми июл таваҷҷӯҳи бисёре аз нозирон ва коршиносонро ба худ ҷалб карда, ҳамзамон "шубҳа"-и онҳоро ба бор овард. Аз ҷумла, коршиносони соҳаи телевизион гуфтанд, навори 24-уми июл ба наворе монанд буд, ки 10-уми майи соли равон дар барномаи "Ватан" пахш шуд.

Пештар расонаҳои расмии Туркманистон хабар дода буданд, ки Бердимуҳаммадов ба муҳлати як моҳ -- аз 15-уми июл то 15-уми августи имсол ба рухсатӣ баромадааст. Президенти Туркманистон дар гузашта ба муҳлати то ба ин ҳад тӯлонӣ ба рухсатӣ намерафт. Якбора ва ба муддати тӯлонӣ аз мазҳари ом нопадид шудани Бердимуҳаммадов миёни сокинони ин кишвар сару садоҳоеро ба миён овардааст.

Рӯзи 21-уми июли соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое паҳн шуд, ки гӯиё Бердимуҳаммадов 20-уми июл даргузаштааст. Аммо хабаргузории русии ТАСС ҳамон рӯз бо такя ба намояндагони сафорати Туркманистон дар Русия навишт, "иттилоъ дар бораи даргузашти Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳақиқат надорад".

XS
SM
MD
LG