Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Узбекистон дастур дод, "ҳокимони хоин" муҷозот шаванд


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба зердастонаш дастур дод, ки масъалаи аз мақом барканор кардани ҳокимони вилоятҳои Фарғона, Хоразм ва Қашқадарёро баррасӣ кунанд. Мирзиёев рӯзи 2-юми август дар як ҷаласа дар робита ба тахриби манзилҳо ва амволи сокинон дар бархе аз ноҳияҳои Узбекистон изҳори назар кард.

"Ман ба Абдулло Орипов (сарвазир) ва Зайниалобиддин Низомиддинов (раиси дастгоҳи президент) дастур медиҳам, ки дар робита ба барканор кардани ҳокимон чораҷӯӣ кунанд. Ин ба ман даркор нест! Ман бори дигар такрор мекунам, мо бо ин сиёсат дур намеравем - бо сиёсати хушунатбор! Агар ин сиёсат кор медод, мо дар 30 сол ба беҳтаринҳо табдил мешудем",-гуфт Мирзиёев.

Мирзиёев дар он ҷаласа ҳокими вилояти Хоразм Фарҳод Эрмановро танқид кард, ки ба далели тахриб кардани манзилҳо, сокинон маҷбур шудаанд, роҳи мошингарди Урганҷро банданд.

"Ба сиёсати ман аз ҳама бештар Эрматов зиён овард. Ман ба ту ва амсоли ту "табрикот"-и бешармонаеро аз Интернет ирсол мекунам. Вақте ман гуфтам, ки раиси шаҳри Урганҷ (Шуҳрат Абдуллоев)-ро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунем, ту ба ҳайси вакили дифоъ аз сарвазир хоҳиш кардӣ, ки ин корро накунем. Ана натиҷаи "дӯстӣ"-и ту. Бихон, ки имрӯз дар бораи дӯстии ману ту дар шарҳҳо чи менависанд. Агар ту, бе виҷдон, дӯсти ман мебудӣ, ин гуна рафтор намекардӣ. Чаро биноҳоро тахриб кардӣ? Шарҳҳоро дар интернет бихон. Онҷо акси ту нест. Танҳо акси сарвазир нашр шудааст ва зери он одамон шарҳ менависанд, ба сиёсати президент нафрин мехонанд. Ту ва зердастони ту ба ман ҳамчун душман муносибат кардед. Оё душвор буд, ки пеш аз тахриби биноҳо бо майнаат фикр бикунӣ? Боз худнамоӣ мекунад, ки ба ҳар кадоми онҳо 30-50 миллиард сумӣ ҷубронпулӣ ҷудо кардааст. Оё ин маблағи туст? Ин маблағи вазорати молия аст! Ё Узбекистон аз ту қарздор аст? Бо хондани ин гуна шарҳҳо ман чи гуна метавонам, дар утоқам ором шинам?", - гуфт президенти Узбекистон.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки шаби 26 ба 27 июл ҳазорон сокини манзилҳои тахрибшудаи кӯчаи "Ишқобод" дар ноҳияи Урганҷи вилояти Хоразм роҳи мошингарди Урганҷ-Ҳазораспро баста, аз мақомоти маҳаллӣ пардохти ҷубронпулӣ талаб карданд. Баъди тахриби манзилҳо бештар аз 400 оила чанд моҳ маҷбур буданд, зери хаймаҳо истиқомат кунанд. Рӯзи 27 июн сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов барои шиносоӣ бо вазъ ба Урганҷ рафт. Як рӯз баъд ба ҳамаи эътирозгарон ҷубронпулӣ пардохт шуд.

Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи рӯзи 2-юми август ҳокимони вилоятҳои Фарғонаву Қашқадарёро ҳам танқид кард.

XS
SM
MD
LG