Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 нафар дар Душанбе аз истеъмоли "ҳотдог" заҳролуд шуданд


Ҳаждаҳ нафар дар шаҳри Душанбе баъди истеъмоли "ҳотдог" бемор шудаанд ва ба бемористон интиқол ёфтанд. Ҳодиса шоми якшанбеи 28-уми июл рух додааст.

Муҳиддин Гулаев, як масъули Хадамоти назорати давлатии эпидемиологии ноҳияи Сино рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин 18 нафар шоми якшанбе аз нуқтаи хӯрокҳои тезтайёри "Мақсад" воқеъ дар кӯчаи Яккачинор "ҳотдог" истеъмол карда, рӯзи дигараш саломатиашон бад шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Гулаев, ҳамаи онҳо ба Бемористони сироятии шаҳри Душанбе интиқол ёфтаанд ва чаҳор нафарашон рухсат шуда ва 14 нафар бистарӣ ҳастанд.

Масъули Хадамоти назорати давлатии эпидемиологӣ гуфт, ин афрод бо "илтиҳоби шадиди меъдаву рӯда", ба бемористон мунтақил ёфтанд. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки вазъи саломатии 14 нафар беҳтар шудааст.

Муҳиддин Гулаев ҳамчунин гуфт, нуқтаи омода кардани хӯрокҳои тезтайёрро бастанд ва маҳсулоти истифодашуда барои санҷиш ба ташхисгоҳ фиристода шудааст.

Аммо тибқи хулосаҳои пешакӣ, тахмин меравад, ки ин афрод аз "майонез"-и дохили ҳотдог заҳролуд шудаанд, чун кормандони нуқта гуфтаанд, ки майонезро худашон омода мекарданд. Дар миёни олудашудаҳо яке зани 63-сола буда, дигарон ҷавонон мебошанд.

Масъулини Хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ мегӯянд, феълан ба дари нуқтаи тайёр кардани хӯрокҳои тезтайёри "Мақсад" муҳр задаанд. Соҳибони ин нуқта мегӯянд, аз рух додани чунин кор дар ҳайратанд.

Пайваста Назармамадова, соҳиби нуқтаи "ҳотдог"-пазии "Мақсад" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рух додани чунин вазъ онҳо низ ҳайронанд, чун ҳамеша маҳсулоти тозаро истифода мебурданд.

Хонум Назармамадова афзуд, ҳафт сол аст, ки ба омода кардани хӯрокҳои тезтайёр машғул буд ва боре ҳам касе аз хӯрокҳои ӯ заҳролуд нашудааст. Ҳамсуҳбати мо афзуд, аллакай аз 18 нафар бештари онҳо аз беморхона рухсат шудаанд.

"Ҳар рӯз хабар мегирам. Мо майонезро аз магазин мегирем, пештар тайёр мекардем, аммо ҳоло аз мағоза мегирем. Ҳайронам ду кас "ҳотдог" истеъмол карданд, ду каси дигарро пеш-пеш карда меоранд. Ман ҳар рӯз маҳсулотро кам-кам аз бозор ба даст мекашонам. 20-30 сомонӣ барои рӯзгорам аз инҷо меёфтам",-гуфт Пайваста Назармамадова.

"Ҳотдог" яке аз хӯрокҳои тезтайёри серистеъмол дар Тоҷикистон мебошад. Бештар ба хотири арзониаш ҷавонон аз "ҳодтог" зиёд истеъмол мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (15)

XS
SM
MD
LG