Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини вазир аз як ширкати хориҷӣ $520 ҳазор пора талаб кардааст


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Қирғизистон 30 июл муовини вазири нақлиёти ин кишвар Азимхон Жусуболиевро, ки бо гумони талаби беш аз ним миллион доллар пора дастгир шуда буд, 14 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Жусуболиев ҳангоми гирифтани 50 ҳазор доллар дастгир шуда, дар маҷмуъ 520 ҳазор доллар пора талаб кардааст. "Як қисми ин маблағ, дар ҳаҷми 120 ҳазор долларро муовини вазир пештар тавассути миёнаравҳои ширкати хориҷӣ дарёфт кард. Боқиро ӯ бояд давоми ҳафтаҳои оянда дастрас мекард",-хабар дода буданд мақомоти Қирғизистон.

Гумонбари дувуми парванда Болот Токтобоев, ки дар ин кор нақши минаравро дошт, 6 сол зиндонӣ шудааст. Додгоҳ гумонбари севум Беҳрӯз Гулрӯзро, ки дар порадиҳӣ айбдор мешуд, 2 миллион сом ҷарима кард.

Ҷониби ҳимоятгар аз ҳукми додгоҳ зидди Жусуболиев​ розӣ нест ва мегӯянд, ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 6 декабри соли 2018 аз боздошти Жусуболиев хабар дода, гуфт, муовини вазири нақлиёти ин кишвар барои додани хулосаи мусбат ба як ширкати хориҷӣ дар робита ба сохтмони роҳи мошингард 520 ҳазор доллар пора талаб кардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG