Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват аз СММ ба ҳимоят аз "ҳомии қазоқтаборони Чин"


Созмони ғайридавлатии амрикоии Freedom Now, ки аз ҳуқуқи "маҳбусони сиёсӣ" дар саросари дунё ҳимоят мекунад, 29-уми июл Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ-ро ба "андешидани чораҳои фаврӣ" дар робита ба қазияи ҳомии ҳуқуқ Серикҷон Билаш даъват кард.

Дар муроҷиатномаи созмон омадааст, ки идома ёфтани ҳабси Серикҷон Билаш хилофи уҳдадориҳоест, ки ҳукумати Қазоқистон бо имзои Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бар зимма гирифтааст.

Freedom Now мегӯяд, дар 4 моҳи ҳабси хонагии роҳбари созмони сабтнашудаи "Атажурт ериктилерӣ" Серикҷон Билаш, ки ҳомии ҳуқуқи қазоқтаборон ҳам ном бурда мешавад, ба ӯ ва наздиконаш фишор овардаанд. Созмон парвандаи вайро ба фаъолиятҳояш дар самти ҳимоят аз ҳуқуқи қазоқтаборони Чин рабт додааст.

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон дирӯз баррасии парвандаи Серикҷон Билаш бо иштироки даҳҳо ҷонибдораш оғоз шуд.

Серикҷон Билаш қазоқтаборест, ки аз Чин ба Қазоқистон кӯч бастааст ва ӯ созмони сабтиномнашудаи "Атажурт ериктилерӣ"-ро роҳбарӣ мекунад, ки бо ҳимоят аз ҳуқуқи қазоқтаборон дар Чин машғул аст.

Мақомоти Қазоқистон ӯро дар "роҳбарӣ ва ширкат дар фаъолияти созмони сабтиномнашуда" айбдор мекунанд. Ӯ дар гузашта гуфта буд, ки бо айбнома розӣ нест. Ба гуфтаи Билаш, гурӯҳи таъсисдодаи вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба касоне кӯмак мерасонад, ки дар Шинҷони Чин зери фишор буданд. Аъзои гурӯҳ ҳеҷ гуна ҳуҷҷат паҳн намекунанд ва муҳру имзо надоранд.

XS
SM
MD
LG