Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду афсари милисаи тоҷик қабл аз "фирор"


Ду корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино дар робита ба як куштор дастгир шудаанд. Манобеи огоҳ мегӯянд, онҳо замоне боздошт шуданд, ки мехостанд аз кишвар фирор кунанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 30-юми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ боздошти ду корманди милисаро тасдиқ кард. Сухангӯи ВКД гуфт, онҳо дар робита ба як ҳодисаи куштор боздошт шудаанд ва қазияро феълан додситонӣ таҳқиқ дорад.

Умарҷони Эмомалӣ таъкид кард, ки ин ду корманди милиса шахсан даст ба қатл назадаанд ва тафтишот ҷузъиёти бештарро аз ҷумла бетарафии онҳоро дар ин ҳодиса таҳқиқ мекунад.

Ба қавли манбаъ, Алиҷон Азиззода ва Алишер Сафиев, рутбаи капитан дошта, дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 кор мекардаанд. Мақомот мегӯянд, онҳо берун аз соати корӣ дар клуби шабонаи "VIP" қарор доштаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳардуи ин кормандони милиса аз сафи ин ниҳод озод ва ё ронда шудаанд. Ду корманди милиса дар робита ба куштори Фазлидин Ҳаитов, як сокини ноҳияи Кӯшониён (Бохтари собиқ) боздошт шудаанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи "Имрӯз News" аз қавли манбааш менависад, ҳодисаи куштор дар клуби шабонаи "VIP" дар ҳудуди шаҳри Душанбе шаби 13 ба 14 июл рух додааст. Ба қавли манбаъ, ду корманди милиса бар асоси нишондоди Акмал Алиматов дастир шудаанд.

Чанд рӯз қабл Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфта буд, Акмал Алиматов ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти вазнин таҳти пайгард қарор дорад.

Ба навиштаи рӯзномаи "Имрӯз News", нисбати ду корманди милиса бар асоси қисми дуюми моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ ё куштор парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, таҳқиқи онро додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пеш мебарад. Аммо мақомот то ҳол расман тасдиқ накардаанд, ки оё дар нисбати ду корманди милиса бо иттиҳоми куштор парванда боз шудааст.

Феълан назари милисаҳои боздоштшуда ва муттаҳами дигар дар ин қазия Акмал Алиматов дастрас нест ва низ маълум нест, ки онҳо дар ин бора чӣ назар доранд.

Ҳарчанд боздошти кормандони милиса бо иттиҳоми куштор ҳодисаи нав аст, аммо ин бори аввал нест, ки дар клубҳои шабонаи Душанбе ҳодисаҳои нохуш рух медиҳад. Қаблан чандин нафар, аз ҷумла фарзандони ашхоси баландмақом дар клубҳои шабона муноқиша кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (10)

XS
SM
MD
LG