Тибқи ин гузориш, бадтарин ҷой барои кӯдакон Афғонистон будааст. Ин кишвар бо 3062 мавриди сабтшуда аз кушта ва захмиҳо, дар садри гузориши "Кӯдакон дар набардҳои мусаллаҳона"-и СММ, қарор дорад. Кӯдакон наздик ба 30 дарсади кулли талафоти ғайринизомӣ дар он кишварро ташкил медиҳанд.
Дар Сурия ҳамлаҳои ҳавоӣ, таркиши мина, бомбаборони мардум бо бомбаҳои хӯшаӣ, ба кушта ва захмӣ шудани 1854 кӯдак анҷомидааст. Ҳукумати Сурия ва ҳомии аслии он дар ҳамлаҳои ҳавоӣ -- Русия, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ғайринизомиёнро рад кардаанд.
Бо ин вуҷуд, ҳатто пеш аз гузориши Созмони Милали Муттаҳид низ Сандуқи Кӯдакони СММ ё ЮНИСЕФ гуфта буд, шумораи кӯдакони кушташуда дар ҷангҳои Сурия беш аз соли гузашта аст ва теъдоди ҳамлаҳо ба мактабҳо ва бемористонҳо афзоиш ёфтааст.
Дар Яман ҳадди ақал 1689 кӯдак дар ҷараёни ҷангҳои заминӣ ва ҳамлаҳои эътилоф бо раҳбарии Арабистони Саудӣ кушта ва захмӣ шудаанд. Эътилоф ба раҳбарии Арабистони Саудӣ бо интиқоди шадиде дар ин замина рӯбарӯ аст.
Мудири СММ дар Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфтааст, "эътилофи Саудӣ аз соли 2015 ба ин сӯ хушунатҳои ваҳшатноке алайҳи кӯдакон дар Яман анҷом додааст.
Аммо сафири Арабистони Саудӣ дар Созмони Милали Муттаҳид ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, гузориши ахир ба талошҳои эътилоф барои ҳифзи кӯдакон дар ҷанги Яман ишора кардааст ва аз назари Риёз "ҷони ҳар кӯдаке гаронбаҳо аст". Сафири Арабистони Саудӣ айни ҳол манбаъҳоеро, ки ин гузоришро омода кардаанд, зери суол бурда ва мегӯяд, дар пешниҳоди омор ба зиёдравӣ роҳ дода шудааст.
Хабаргузории "Рейтерз" гузориш дода буд, ки номи гурӯҳи Ҳусӣ, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад, дар паҳлӯи гурӯҳҳои ниманизомии тарафдори Арабистони Саудӣ низ дар ин феҳрист қарор дорад.
Бинобар гузориши "Кӯдакон дар набардҳои мусаллаҳона", дар соли 2018 панҷоҳу нӯҳ кӯдаки фаластинӣ аз сӯи Исроил кушта ва беш аз 2750 кӯдаки дигар захмӣ шудаанд. Дар ҳамин марҳила, шаш кӯдаки исроилӣ низ захмӣ шудаанд.
Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ аз афзоиши ҷароҳатҳо аз истифодаи гази ашковар дар ҷараёни кашмакашҳо, ибрози нигаронии амиқ кардааст. Илова бар ин, СММ дар мавриди афзоиши ҳамла ба мактабҳо ва бемористон иброзӣ нигаронӣ намудааст.
Соли гузашта дастикам 225 ҳамла ба мактабҳо ва марказҳои имдодӣ сабт шудааст, ки баландтарин омор аз оғози ҷанги дохилии Сурия аст. Дар Афғонистон низ мактабҳо ва марказҳои кӯмакрасонӣ беш аз 250 бор ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.
Гузориши Созмони Милали Муттаҳид "Кӯдакон дар набардҳои мусаллаҳона", аз соли 2005 ба ин сӯ, ва ба дархости Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, таҳия ва ба ин Шӯро пешниҳод мешавад. Омори соли гузашта бадтарин омор аз замони ироаи ин гузориш то кунун аст.
ЧАНОБИ РУСТАМИ ЭМОМАЛИ, ИН КИ ШУМО РАИСИ ШАХРИ МО ХАСТЕД ВА БА ЧОИ ПАДАРАТОН ХОХЕД НИШАСТ, МО ХЕЛЕ ХУРСАНДЕМ, ВАЛЕ МАН ЯК ЧИЗРО НАМЕФАХМАМ, КИ БА ШУМО МАШВАРАТ (СОВЕТ) МЕДИХАД,КИ ХОНАХОИ КАД-КАДИ РОХХОРО ЧАППА КАРДА БА ЧОЯШОН ХОНАХОИ НАВ СОЗЕД, ХОЛ ОН КИ ИН ХОНАХО 200 СОЛИ ДИГАР НИЗ ХОХАНД ИСТОД. МАГАР БА ШУМО МАЪЛУМ НЕСТ, КИ ХАМИН ШАХР АЗ РОХБАНДОН ( ПРОБКА) БЕЗОР ШУДААСТ, ХОЛО КИ КАД-КАДИ РОХ ХОНАХОИ ОШЁНАПАСТ ХАСТАНД, ДАР МАВРИДИ ОНХОРО БО ХОНАХОИ БАЛАНДОШЁНА ТАБДИЛ ДОДАН ХОЛИ ИН ШАХР ЧИ МЕШАВАД? МАСАЛАН, ДАР ЯК БАРОМАДАН БА ЧОИ 50 МОШИН, ЯКУ ЯКБОРА 200 МОШИН МЕБАРОЯНД, ХОЛИ РОХХО ЧИ МЕШАВАД? ОН БИЗНЕСМЕНХОИ ХАРОМХУРРО АЗ НАЗДАТОН ДАФ КУНЕД . АМОН ХОНАХО ХАМ СОХТА ШАВАНД, МАРДУМИ ОДДИ КУДРАТИ ОНХОРО ХАРИДАНРО НАДОРАНД, ВАКТЕ КИ 3 ХУЧРАГИ 1200000000 ( ЯК МИЛЛИОНУ ДУСАД ХАЗОР СОМОНИ) АРЗИШ ДОРАД. КАМТАР КАЛЛАРО КОР ФАРМОЕД, КАЛЛАРО ВА БА ЧАППА КАРДАНИ ХОНАХОИ ЛАБИ РОХХО ХОТИМА ДИХЕД.
Чаноби Путин, курраи замин( ба кавли шумо земной шар) моли падаратон нест, ки бо хар кас ва хар давлате чи коре, ки хохед кардан мегиред. Замонаш мерасад, ки Шумо дар назди мардуми Украина чавоб хохед гуфт. Хатто давлату давлатчахои Европа, ки аз 4 то 5 миллион ахоли доранд, шумо ва давлататонро тахрим кардаанд, вале шумо алайхи тахримхои онхо коре карда наметавонед, харчанд, ки артиши кави доред.Бало занад хамон артишатонро, ки зураш факат ба Точикистону Туркманистон мерасад.
Манфиати худ не , манфиати миллатро химоя намуда истодааст ?????? Ё ту девона асти ё худатро ба девонаги зада истодаи ё инки хаёл мекуни тамоми миллат беакл астан ва шабро аз руз фарк намекунанд ... Магар одамоне , ки бегунох кушта шуданд аз ин миллат набуданд ??? Ё инки онхо Киргиз будан ва ба хоки Точикистон даромаданд ?! Хести ки хоби додари акаш !!!! Инро террор мегуянд террор нисбати ин миллати зудбовар. Миллат бовар кард Ки кормандони хифзи хукук , хукукхои онхоро химоя мекунад на инки берахмона тир мекушояд тарафашон ... Дунё гузаро аст, ва онхое бегунох кушта шуданд кахромонона барои озодии зодгохашон баромаданд ... Ёдашон ба хайр бод шермардони Бадахшони азизи хамаи мо точикон
Путин 2-млн тоҷикистониро дар Россия ба ғуломӣ фаро гирифтааст, аз пешрафти давлати худаш метарсад, Тоҷикистонро ҳам ба маҷрои суқут ҳамроҳ кардааст. Зиҳӣ ғулом-народ, зиҳӣ ғуломон
Гуё дар худамон нарх арзон бошад? Озоди вактхои охир аз эрону руссияву хитой факат айбкови мекуни ба хар хол дар эрон бензин 12 сомону газ 6.30 нест