Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захмиҳои низои марзии Оқсой-Ворух ҳанӯз ҳам бистарианд


Шонздаҳ нафаре, ки дар натиҷаи низои навбатӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон захмӣ шуданд, ҳанӯз ҳам дар беморхонаанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд хабар дод.

Ҷамъан 31 кас барои дарёфти ёрии тиббӣ ба беморхона муроҷиат карда буданд. Ба иттилои манбаъ, намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд ба аёдати захмиён рафта, ҳамчунин ба онҳо кумаки молӣ кардааст.

Рӯзҳои 22 ва 23 июли соли равон дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зад. Дар натиҷаи он 17 шаҳрванди Қирғизистон аз тири силоҳ ва сангпартоӣ захмӣ шуданд. Радиои Озодӣ ҳам хабар дод, ки аз ҷониби Тоҷикистон як нафар кушта ва панҷ каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 26 июл бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон сафари кутоҳеро ба шаҳри Исфара анҷом дод. Раҳбарони ду кишвар дар чорроҳаи миёни Ворухи Исфара ва Оқсойи Қирғизистон бо калонсолон ва намояндагони шӯроҳои маҳаллии ду кишвар мулоқот карданд.

Гуфтугӯҳо дар шаҳри Исфара ва Чолпон-Отаи Қирғизистон идома ёфтанд. Мавзуи асосии гуфтугӯи серӯза таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон буд. Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод, ки "раҳбарони ду кишвар ба тезонидани раванди таъйини марзҳо таъкид карданд".

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон дар иттилоияи худ бештар ба гуфтугӯҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тамаркуз кардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Баҳси вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
XS
SM
MD
LG