Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осия пас аз 40 рӯз ба пой хест. ВИДЕО


Осия Зулфонова, кӯдаки шашсолаи тоҷик, ки қазияи оташ зада шуданаш ҷомеаро нигарон кард, баъди чиҳил рӯз ба по хест. Волидони ин кӯдак мегӯянд, умедашон барои сиҳат шудани Осия аз нав бедор мешавад.

Осия Зулфонова рӯзи 19 июни соли ҷорӣ аз ҷониби се наврас дар ҳудуди Боғи миллии ноҳияи Сино оташ зада шуд. Осия ҳафт ҷарроҳиро паси сар кард ва ҳоло ба гуфтаи табибон вазъаш хуб мебошад.

"Бовар надоштем, ки ӯ сиҳат шавад"

Рӯзи 29-уми июл, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ ба назди Осия ба беморхона рафтанд, ӯ табассум мекард ва ба кӯмаки табибон ба по рост шуд. Шерзод Зулфонов, падари Осия дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзе, ки духтари хурдсолашро ба беморхона оварданд, ба сиҳат шуданаш бовар надоштанд. Аммо Зулфонов ҳоло бо ашки хурсандӣ дар чашм ба по хестани духтарашро тамошо мекунад.

"Рӯзе, ки ба беморхона овардем, бовар кунед, аҳволаш бисёр вазнин буд. Рости гап умед ва боварӣ ҳам надоштем. Бо ин фоизу ба ин сӯхтагӣ бовар кунед, одам кам мемонад дар инҷо",-афзуд падари Осия.

Рӯзи 19 июн, ки Осияро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона оварданд, табибон дар 65 дарсади бадани кӯдак осори сӯхторро ба қайд гирифтанд. Қазияи оташ задани Осияи хурдсол бисёриҳоро дар Тоҷикистон таконзада кард.

Мақомоти тоҷик гуфтанд, худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз оташ задани Осия нигаронӣ кард. Барои табобати Осия ҷарроҳи машҳури олмонӣ, профессор Эдгар Бимер даъват шуда буд. Табибон мегӯянд, Осия акнун ба кӯмаки равонӣ эҳтиёҷ дорад.

Осия пас аз 40 рӯз ба по хест
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Тоҳир Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази тиббии рақами №3-и Душанбе, ки аз оғоз муолиҷаи Осияро назорат кардааст гуфт, ҳама хатарҳои ҷиддӣ барои ҷони ин кӯдак паси сар шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Зубайдов, "вазъи саломатии Осия муътадил аст ва акнун ӯ худаш мешинад. Мо нияти роҳгардон кардани ӯро дорем. Ӯро, ки ба хона ҷавоб додем, барои табобати реабилитатсионӣ ва равонӣ кӯшиш мекунем. Лекин барои ин вақти тӯлонӣ даркор аст".

Мубориза барои саломатии Осия дигар аз марҳилаи наҷоти ҷонаш ба барқарорсозӣ ворид шудааст.

Осияро кӣ оташ зад?

Вазорати умури дохилӣ дар оташ задани Осия се ноболиғро муттаҳам медонанд. Ҳар се сокини ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд ва аз 9 то 13 сол доранд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, як ноболиғи муттаҳам дар оташ задани духтараки 6-сола дар Душанбе "ноқисулақл" будааст ва барои ҳамин ӯро ба шифохонаи равонӣ бурдаанд.

Вазорат рӯзи 2-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ навишт, ки "ноболиғ Сунатулло Очилдиев, ки дорои бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мебошад, дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон" бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад"

Ба қавли вазорати умури дохилӣ, Суннатуллои 13-сола дар оташ задани Осия Зулфонова нақши асосӣ доштааст ва қабл аз оташ задан "бо сагҳояш ҷабрдидаро тарсонидааст". Вазорат мегӯяд, ки сагҳои Сунаттулоро безарар ва ё маҳв кардаанд.

Ҳодисаи оташ задани Осия бисёриҳоро дар Тоҷикистон ваҳшатзада кард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тундеро ба миён овард. Ҷомеа ин амали наврасонро падидаи хатарноке дар миёни ин қишр арзёбӣ кард, ки бетарафӣ дар баробари он, паёмадҳои ногуворе дар пай хоҳад дошт. Одамон хостанд, гунаҳкорон ҷазои сахт бигиранд.

XS
SM
MD
LG