Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон бо $500 ҳазор мошини ёрии таъҷилӣ мехаранд


Ҳукумати Қирғизистон тасмим дорад, барои харидани мошинҳои ёрии таъҷилӣ бештар аз 35 миллион сом (наздики 500 ҳазор доллар) ҷудо кунад.

Ҳукумати он кишвар хабар медиҳад, ки аз ҳисоби ҷаримаҳои вайронсозии қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо 175 миллион сом ҷамъ шудааст. Қисме аз ин маблағҳо барои беҳсозии роҳҳо, хадамоти почта сарф мешавад. Бештар аз 35 миллион он барои харидории мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҷудо мегардад.

"Интизор меравад, ки то охир соли ҷорӣ, дар сурати ба ҳамин шакл давом кардани ҷамъоварии ҷаримаҳо, барои харидории мошинҳои ёрии таъҷилӣ бештар аз 70 миллион сом ҷудо хоҳад шуд",-омадааст дар хабари маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки дар Қирғизистон бо маблағҳои аз ҳисоби ҷаримаҳои "Шаҳри бехатар" ҷамъоваришуда дастгоҳҳои хадамоти ёрии таъҷилӣ нав мешавад.

Егор Борисов, як масъули Маркази ёрии фаврии шаҳри Бишкеки Қирғизистоон гуфт, пойтахти ин кишвар дар ҳоли ҳозир ба 12 мошини ёрии таъҷилӣ ниёз дорад. Арзиши ибтидоии як мошини ёрии таъҷилӣ аз 2 миллион сом шуруъ мешавад. Қимати як мошини такмилшудаи ёрии таъҷилӣ ба 200 ҳазор доллар мерасад.

Дар Бишкек "Шаҳри бехтар" аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба кор шуруъ кард.

Гузоришҳои видеоӣ

Ваъдаи кумак дар мубориза бо сӯхтори ҷангалҳои Амазон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG