Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими наврасони Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Бозии даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон ва Қирғизистон 27-уми июл дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд. Голҳоро Муҷовид Шовайсуддинов дар дақиқаи 38-ум ва Муҳаммадворис Саидалиев дар дақиқаи 60-ум (аз пеналтӣ) ба ҳадаф расониданд.

Дар ду бозии дигари даври дувуми мусобиқот тими Афғонистон бар мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 1:0 ва мунтахаби Эрон бар дастаи Узбекистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқот мунтахаби Эрон бо шаш имтиёз дар ҷадвал дар мақоми аввал қарор дорад. Дастаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон бо чоримтиёзӣ мутаносибан зинаҳои дувуму севумро касб намудаанд.

Дастаҳои Узбекистону Қирғизистон бо якимтиёзӣ ҷойҳои чоруму панҷумро ишғол кардаанд. Мунтахаби Туркманистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – шашум – ҷойгир шудааст. Дар даври севуми мусобиқот имрӯз, 29-уми июл, Тоҷикистон бо Туркманистон, Қирғизистон бо Узбекистон ва Эрон бо Афғонистон рақобат мекунанд.

Дар мусобиқоти мазкур, ки то 1-уми август дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир мегардад, дастаҳои мунтахаби зери 16-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд.

Бозиҳо аз як давра иборат аст. Ҳар як даста дар муддати як ҳафта панҷ бозӣ анҷом медиҳад. Ғолиб аз рӯи шумораи умумии имтиёзҳо маълум мегардад.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “чемпионати CAFA барои мо яке аз марҳилаҳои муҳимтарини омодагӣ ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад.”

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 14-ум то 22-юми сентябри имсол дар Урдун баргузор мешавад, дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16)

Даври 1-ум

Узбекистон – Тоҷикистон – 1:1

Голҳо: Рустам Турдимуродов, 28 (1:0). Алиҷони Айнӣ, 59 (1:1).

26 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 278 тамошобин.

Туркманистон – Эрон – 1:3

Голҳо: Саҷҷод Гулмуҳаммадӣ, 15 (0:1). Ботир Саҳедов, 60 (1:1). Ёдгор Рустамӣ, 66 – аз пеналтӣ (1:2). Алиакбар Ранҷбар, 70+5 (1:3).

26 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Афғонистон – Қирғизистон – 2:2

Голҳо: Аламбек Абилқосимов, 17 (0:1). Нурсеит Азаматов, 32 (0:2). Меҳдӣ Иброҳимӣ, 44 (1:2). Аҳмад Зикриё, 51 (2:2).

26 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 177 тамошобин.

Даври 2-юм

ТоҷикистонҚирғизистон – 2:0

Голҳо: Муҷовид Шовайсуддинов, 38 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 60 – аз пеналтӣ (2:0).

27 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 123 тамошобин.

Афғонистон – Туркманистон – 1:0

Гол: Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 22.

27 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 37 тамошобин.

Узбекистон – Эрон – 1:2

Голҳо: Халид Руҳонӣ, 10 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 16 – аз пеналтӣ (1:1). Саҷҷод Ходимӣ, 54 (1:2).

27 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 117 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

2

2

0

0

5-2

6

2

Тоҷикистон

2

1

1

0

3-1

4

3

Афғонистон

2

1

1

0

3-2

4

4

Узбекистон

2

0

1

1

2-3

1

5

Қирғизистон

2

0

1

1

2-4

1

6

Туркманистон

2

0

0

2

1-4

0

Даври 3-юм

29 июл (душанбе)

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Тоҷикистон – Туркманистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

20:30 – Эрон – Афғонистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 4-ум

30 июл (сешанбе)

18:00 – Эрон – Тоҷикистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

18:00 – Афғонистон – Узбекистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

20:30 – Туркманистон – Қирғизистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

1 август (панҷшанбе)

18:00 – Қирғизистон – Эрон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Узбекистон – Туркманистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

20:30 – Тоҷикистон – Афғонистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG