Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон тахриби биноҳоро пеш аз пардохти ҷубронпулӣ ба соҳибонашон манъ кард


Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ба манъи тахриби иншоот ва биноҳое дастур дод, ки соҳибонашон ҷубронпулии заруриро дарёфт накардаанд.

Ин фармони сарвазири Узбекистон дар як ҷаласаи видеоӣ пас аз он содир шуд, ки ахиран дар ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарё як соҳибкори маҳаллӣ дар эътироз ба тахриби бинои фурӯшгоҳаш бидуни пардохти ҷубронпулӣ муовини раиси ноҳияро бензин пошида, оташ зад. Ҳамчунин дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразм ҳазорон сокин шаби 26 ба 27 июли соли равон роҳи Урганҷ-Ҳазораспро баста, дар робита ба пардохт нашудани ҷуброни манзилҳои зисташон эътироз карданд.

Орипов дар ҷаласа аз ҷорӣ шудани қоидаи нави тахриби иншооту биноҳо дар ин кишвар аз 27-уми июли соли равон хабар дода, гуфт, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев масъалаи тахриби биноҳоро шахсан назорат мекунад. Аз ин ба баъд, ҳукумати вилоятҳо, мақомоти Қарақалпоқистон ва шаҳрдории Тошканд пеш аз тахриби бино ё иншооте бо Девони вазирони Узбекистон машварат хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, пас аз ҳодисаи Яккабоғ ва эътирози Урганҷ як қатор мансабдорони ин минтақаҳо, аз ҷумла раиси Урганҷ Шуҳрат Абдуллоев ва додситони шаҳр Давлатов танбеҳ гирифтаанд. Раиси ноҳияи Яккабоғ Шомурод Донаев ва додситони ноҳия Ҷамшед Халилов аз мақом барканор шуданд.

Зидди муовини раиси ноҳияи Яккабоғ Мансур Туймаев, ки мехост, фурӯшгоҳи соҳибкорро тахриб кунад, барои берун баромадан аз ваколати хидматӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG