Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео: "Мехостам бо эрониён суҳбат кунам, Теҳрон напазируфтааст"


Вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, ки ҳукумати Эрон пешниҳоди ӯ барои сафар ва гуфтугӯи мустақим бо шаҳрвандони Эронро напазируфтааст. Ишораи Майк Помпео ба пешниҳоде аст, ки рӯзи панҷшанбеи 25-уми июл матраҳ карда буд.

Вазири умури хориҷии Амрико дар "Твиттер"-и худ бо нашри як навори видеоӣ таъкид кард, "ӯ аз гуфтугӯи мустақим бо мардуми Эрон истиқбол мекунад". Вазири умури хориҷии Амрико навиштааст, "ман ахиран пешниҳоди сафар ба Теҳрон ва гуфтугӯи мустақим бо мардуми Эрон матраҳ кардам. Ҳукумат пешниҳоди маро напазируфтааст".

Ӯ дар паёми дигари твиттерии худ навиштааст, "мо аз Муҳаммадҷавод Зариф, ки ба Амрико меояд ва аз ҳаққи озодии баён баҳра мебарад, наметарсем. Оё воқеиятҳо дар мавриди ҳукумати Алии Хоманаӣ чунон бад аст, ки ӯ ба ман иҷоза намедиҳад ҳамин корро дар Теҳрон анҷом диҳам?". Ӯ сипас пурсидааст, "чӣ хоҳад шуд, агар мардум воқеиятҳоро бишнавад?"

Майк Помпео чанд рӯз қабл дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии "Блумберг" ва дар посух ба ин пурсши, ки оё ҳозир аст ба Теҳрон сафар кунад, гуфт, "агар лозим бошад, бо камоли майл ба Эрон хоҳам рафт". Ӯ гуфта буд, "ман аз фурсати суҳбати мустақим бо мардуми Эрон истиқбол мекунам. Ман қаблан ҳам дар ин бора ҳарф задаам".

Вазири умури хориҷии Амрико дар ҳамон мусоҳиба низ ба сафарҳои оқои Зариф ба Ню-Йорк ба таври маъмул барои ширкат дар нишастҳои байналмилалӣ ва ҳамзамон гуфтугӯҳо бо расонаҳои Амрико сухан гуфта буд.

Изҳороти оқои Помпео дар мавриди "сафар ба Теҳрон" ва "гуфтугӯи мустақим" бо шаҳрвандон, ҳарчанд вокунишҳоеро дар пай дошт, аммо бо посухи расмӣ ва ошкори мақомҳои баландпояи Ҷумҳурии исломӣ рӯбарӯ нашуд.

Барои намуна, Алии Мутаҳҳарӣ, намояндаи порлумони Эрон гуфта буд, мусоҳибаи вазири умури хориҷии Амрико бо телевизиони давлатии Ҷумҳурии исломӣ "метавонад муфид бошад", агар хабарнигоре бошад, ки "битавонад посухи ҳарфҳои Помпеоро ҳам бидиҳад ва ӯро ба чолиш бикашад".

Андаке баъд, дар рӯзи якшанбе сухангӯи ҳукумати Эрон дар вокунише, ки мушаххас нест ба таври ҷиддӣ баён шудааст ва оё посухи расмии Теҳрон ба дархости Помпео аст ё на, гуфт, Майк Помпео метавонад бо Марзия Ҳошимӣ, мусоҳиба кунад. Марзия Ҳошимӣ, муҷрии амрикоитабори телевизиони давлатии "Пресс ТВ" дар зимистони гузашта ба муддати 10 рӯз дар Амрико боздошт шуд ва пас аз озодӣ ба Эрон бозгашт.

Писари хонум Ҳошимӣ гуфта буд, модараш ба унвони "шоҳиди асосӣ"-и як парвандаи ҷиноӣ боздошт шудааст. Додгоҳ ҷузъиёте аз ин парванда, ки муҷрии Пресс ТВ дар бораи он шаҳодат додааст, мунташир накардааст.

Мақомҳои баландпояи Теҳрон то ҳанӯз вокунише ба паёмҳои ахири оқои Помпео нишон надодаанд.

XS
SM
MD
LG