Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯён 10 сарбози Покистонро куштаанд


Мулло Фазлуллоҳ раҳбари Таҳрики Толибони Покистон
Мулло Фазлуллоҳ раҳбари Таҳрики Толибони Покистон

Артиши Покистон гуфт, дар ҳамлаҳои ҷудогонаи ҷангҷӯён дар вилояти Вазиристони Шимолӣ ва Балучистон 10 сарбозашро талаф додааст. Аз ҷумла рӯзи 27-уми июл гурӯҳе аз ифротиён аз марзи Афғонистон ба як посгоҳи сарбозон дар Вазиристони Шимол шимолӣ ҳамла карда, 6 сарбозро куштаанд.

Таҳрики Толибони Покистон масъулияти қатлро бар дӯш гирифт. Ин вилояти қабоилнишин солҳост, яке аз паноҳгоҳҳои Толибон ва дигар созмонҳои ифротгарои исломӣ ба ҳисоб мерафт. Баъди амалиётҳои артиш дар соли 2014 бисёре аз тундравон ба Афғонистон гурехтаанд. Дар ҳамлаи дуввум дар Балучистон ба гуфтаи мақомот 3 сарбози дигар кушта шудаанд. Мақомот гуфтанд, ҳамла дасти кори террористон буд.

XS
SM
MD
LG