Яке аз фармондеҳони баландпояи Русия ба Душанбе сафар кардааст ва қарор аст, дар ҳузури ҳайати фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар бораи амалиёти нерӯҳои кишвараш дар Сурия сӯҳбат кунад. Хабаргузории давлатии “Спутник” рӯзи 27-уми июл хабар дод, ки генерал Александр Лапин, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҳавзаи марказӣ дар ҳамин рӯз вориди Душанбе шудааст.
Дар хабар омадааст, ки генерали рус бо раҳбарони вазорати дифои Тоҷикистон дар бораи масоили умдаи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва омодагиҳои дуҷонибаи нерӯҳои мусаллаҳи Русияву Тоҷикистон гуфтӯгу мекунад. Ба гуфтаи “Спутник” баъд аз ин Александр Лапин “Дар ҳузури ҳайати фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар бораи амалиёти нерӯҳои ҳавоӣ ва кайҳонии Русия дар Сурия дар соли 2018 суханронӣ мекунад.”
Русия дар ҷанги дохилӣ дар Сурия ба нерӯҳои раиси ҷумҳур Башшор Асад кӯмак мекунад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар амалиётҳои нерӯҳои ҳавоии Русия дар Сурия садҳо нафар аз мардуми осоишта низ кушта шудаанд. Александр Лапин ҳамчунин аз пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон боздид мекунад, ки бо 7 ҳазор сарбоз бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз ин кишвар ба ҳисоб меравад.