Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи марде, ки чанд занро олудаи СПИД кард, ба додгоҳ рафт


Парвандаи як марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти "Холматов"-и ноҳияи Шаҳритус, ки ба олуда кардани чанд зан ба вируси норасоии масунияти бадан ваё СПИД муттаҳам мешавад, ба додгоҳ фиристода шудааст Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки ин мард барқасдона ҳамсараш ва чанд зани дигарро ба ин вирус олуда кардааст.

Аз додситонии ноҳияи Шаҳритус рӯзи 26-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи ин мард, ки номаш ба далоили ахлоқӣ ва низ муқаррароти тафтишотӣ ифшо намешавад, ахиран ба додгоҳи ноҳия фиристода шудааст. Ин мард дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи як амалиёти сохторҳои ҳифзи қонун боздошт шуда буд.

Ба гуфтаи манобеи додгоҳӣ, дар нисбати Н.Р тибқи модаи 125-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне "сироят кардан ба инфексияи ВИЧ нисбати ду ё зиёда шахс", парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин моддаи Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон маҳрумият аз озодӣ ба муддати аз 5 то 10 солро пешбинӣ мекунад.

Тибқи маълумоти расмӣ, гумонбар дар ҷараёни баррасии парванда мавқеашро баён намуда ва гуфтааст, ки дидаву дониста афроди дигарро ба СПИД гирифтор кардааст.

Тибқи маълумоти дастрас аз мақомоти интизомии Шаҳритус, ин мард панҷ соли пеш ҳангоми муҳоҷират дар Русия ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ӯ дар муҳоҷират бинобар содир кардани ҷиноят, як сол зиндонӣ низ будааст.

Аммо мақомоти тафтишотӣ нагуфтанд, ки ин мард дар дохили зиндон ба ин беморӣ гирифтор шудааст ва ё қаблан ба ин беморӣ мубтало будааст. Шумораи онҳое, ки аз ҳамхобагӣ бо ин мард олудаи вируси СПИД шудаанд, эълон нашудааст, вале ҳамсараш, ки ҳоло зиндонӣ аст, мубталои ин беморӣ мебошад. Умедҷон Каримзода, додситони ноҳияи Шаҳритус қаблан гуфта буд, ки ин мард нашъаманди тазриқӣ буд.

Дар ду соли ахир ду нафар барои дидаю дониста олуда кардани дигарон ба вируси норасоии масъунияти бадан дар ноҳияи Шаҳритус боздошт мешаванд.

Моҳи августи соли 2018 зани ҷавоне барои олуда кардани дастикам 10 мард бо вируси СПИД, ки кӯдаки ноболиғ дошт ва аз кирдораш пушаймон шуда буд, як сол зиндонӣ шуд, вале баъди як сол зиндон дигарбора боздошт ва алайҳи ӯ боз парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Тоҷикистон аз се то чаҳор нафар ба ВИЧ – вируси норасоии масунияти бадан олуда мешудааст. Дар се соли ахир 6 нафар сокинони Тоҷикистон бо иттиҳоми дидаю дониста олуда кардани дигарон ба ВИЧ СПИД боздошт ва алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG