Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Иссиқкӯл парвоз кард


Дар Иссиқкӯл осоишгоҳҳои маъруфи Қирғизистон ҷойгиранд

Президенти Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа, 26 июл пас аз анҷоми мулоқот бо раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар Ворух ва Исфара бо як сафари корӣ озими Қирғизистон шуд. Қарор аст рӯзҳои 26-28 июл дар қароргоҳи президентии Чолпонота дар соҳилҳои Иссиқкӯл мулоқоти ду раҳбар баргузор шавад. Ба ин муносибат, матбуоти қирғизӣ як рӯз пеш хабар дод, ки роҳ ба Чолпонота барои нақлиёти маҳаллӣ дар давоми ду рӯз баста хоҳад буд.

Дар хабарҳои расмӣ гуфта мешавад, ки президентро дар ин сафар муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба робитаҳои хориҷӣ ва дигар мақомот ҳамроҳӣ мекунанд.

Сафари президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон баъди он шурӯъ шуд, ки рӯзи ҷумъа ӯ ва Ҷеенбеков дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо мардуми маҳаллӣ роҷеъ ба зарурати пойдории сулҳ ва ҳифзи субот дар марз сӯҳбат карда, дар шаҳри Исфара як мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматиро баргузор карданд. Ҷузъиёти зиёди дидору гуфтугӯи президентон ва ҳайатҳои ҳукуматии онҳо маълум нест, вале вебсайти президенти Тоҷикистон гуфт, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки музокиротро ба хотири ҳалли баҳсҳои марзӣ ва аломатгузории сарҳад идома медиҳанд.

Мулоқоти ду президент дар марзи кишварҳояшон чор рӯз баъди муноқишаи марзӣ баргузор шуд, ки дар он як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар аз ҳарду ҷониб маҷрӯҳ шуданд. Аломатгузорӣ нашудани қитъаҳои зиёди марзӣ мушкили аслии сокинони деҳоти сарҳадии ду кишвар мебошад. Тоҷикистон Қирғизистон беш аз 900 км марзи муштарак доранд, ки беш аз 400 км он аломатгузорӣ нашудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди кумаки муҳоҷирон ба кӯдакони чаҳор деҳаи бе мактаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG