Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз хариди ҳавопаймои "Боинг 737 MAX" даст кашид


Boeing Max 737

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз хариди ҳавопаймои "Боинг 737 MAX" худдорӣ кардааст. Икром Субҳонзода, директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ рӯзи 26-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "Сомон Эйр" барои хариди ҳавопаймои "Боинг 737 MAX" шартнома имзо карда буд. Вале ба қавли Субҳонзода, бо пайдо шудани мушкил дар чанд ҳавопаймои "Боинг 737 MAX", ин шартнома мавқуф гузошта шуд.

Директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ гуфт, ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон бо ин навъи "Боинг 737 MAX" парвоз намекарданд ва то масъалаи он ниҳоӣ нашавад, аз он истифода нахоҳанд бурд.

"Тамоми дунё аз истифодаи ин ҳавопаймо даст кашидааст. То замоне, ки аз ҷониби комиссияи махсусе, ки садамаҳоро тафтиш мекунад, хулосаи ниҳоӣ нашавад, Тоҷикистон аз ин ҳавопаймо истифода намебарад",-гуфт Субҳонзода.

Баъди суқути ду ҳавопаймои навъи 737 MAX аз ширкати Boeing дар Индонезия ва Эфиопия, харидории ҳавопаймоҳои Boeing дар нимаи аввали соли ҷорӣ кам шуд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, манъи харидории ҳавопаймоҳо барои ширкати Boeing ташвишовар аст. Зеро ин ширкат то кунун ба ин мушкил рӯ ба рӯ нашуда буд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG