Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати ИМА гузориш дар бораи дахолатҳои Русия дар интихоботро нашр кард


Кумитаи иктишофии Сенати ИМА рӯзи 25-уми июл гузориш дар бораи дахолатҳои Русияро дар интихоботи президентии Амрико дар соли 2016, нашр кард. Дар гузориш омадааст, ки дахолати Русия дар умури дохилии ИМА падидаи ягона набуда, Кремл дар ҳоли ҳозир барои дахолат ба интихоботи президентии соли 2020 омода мешавад.

Кумитаи мазкури сенат ва вазорати амнияти дохилии ИМА ба хулоса расидаанд, ки ҳакерҳои Русия ба низоми интихоботии 21 иёлат ворид шудаанд. Аммо мақомоти Амрико гуфтанд, дар бораи таъсир расонидани ҳакерҳо ба натиҷаи раъйдиҳии ин иёлат далелҳои қотеъ надоранд.

Дар гузориш ҳамчунин дар бораи талошҳои Москва оиди рахна кардани низоми компютерии Ҳизби демократӣ ва маъракаи дурӯғпароканӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади ҷудоиандозӣ миёни интихобкунандагони амрикоӣ иттилоъ дода шудааст.

Сенат тавсия медиҳад, ки низоми куҳнашудаи раъйдиҳӣ иваз гардад ва барои чораҳои амниятӣ маблағи иловагӣ ҷудо шавад.

Роберт Мюллер, додситони махсуси пешини ИМА, ки пажуҳиши дахолати Русияро дар интихоботи президентии ИМА роҳбарӣ мекард, ахиран дар палатаи намояндагони Конгресси ИМА шоҳидӣ дод.

Намояндагони Ҳизби демократӣ аз Мюллер пурсиданд, ки оё Трамп ё кормандони дигари Кохи Сафед дархости қатъи "пажӯҳиши дахолати Русия"-ро кардаанд. Мюллер аз "даҳ ҳолати монеасозӣ ба пажуҳиш" аз сӯи Трамп ва дигар намояндагони Кохи Сафед ёдовар шуд.

Мюллер рӯзи 24-уми июл дар Конгресс гуфт, Русия ва сохторҳои он "ба таври мунтазам ва фарогир" ба интихоботи ИМА дахолат кардаанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG