Оҷонсии авиатсияи гражданӣ мегӯяд, гарон будани нархи сӯзишворӣ, омили аслии гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон мебошад. Икром Субҳонзода, директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ рӯзи 26-уми июл тасдиқ кард, ки нархи чипта дар Тоҷикистон гарон аст. Ӯ дар посух ба суоли он, ки чаро нархи чиптаи ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамсоякишварҳо гарон аст, гуфт, сӯзишвории ҳавопаймо дар Тоҷикистон гарон аст.
Ба қавли директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, аз 40 то 45 дарсади арзиши чипта барои сӯзишворӣ сарф мешавад ва вақте сӯзишворӣ гарон аст, нархи чипта низ гарон мешавад. "Арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳо гарон аст ва омили гарон будани нарх ин воридотӣ будани сӯзишворӣ мебошад. Новобаста аз ин, бо ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ оид ба танзими нарх ва гарон накардани чиптаҳо дастурҳои мушаххас доданд, ки сунъӣ нархи чиптаро баланд накунанд"-таъкид кард Субҳонзода.
Гаронии нархи чиптаи ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми июл баҳси гармеро миёни рӯзноманигорон ва масъулини Оҷонсии авиатсияи гражданӣ ба миён овард. Аз ҷумла рӯзноманигорон аз директори Оҷонсии авиатсияи гражданӣ пурсиданд, ки чигуна нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон нисбат ба Қирғизистон чаҳор маротиба гарон аст.
Аммо Икром Субҳонзода боз ҳам гаронии нархи сӯзишвориро далел овард. Бо ин ҳама, Икром Субҳонзода афзуд, барои пойин бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ талош доранд ва соли равон нархро аз 10 то 12 дарсад коҳиш додаанд.
Шикоятҳо аз гаронии чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон зиёд садо медиҳанд. Бахусус дар мавсими баҳор, ки муҳоҷирон ба Русия мераванд нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ бамаротиб гарон мешавад. Гаронии чипта як гуруҳ мусофирони тоҷикро маҷбур мекунад тариқи хатсайрҳои Узбекистон ва Қирғизистон худро ба хориҷа расонанд.