Бозии даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Узбекистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:30 шуруъ мешавад.
Дар мусобиқоти мазкур, ки аз 26-уми июл то 1-уми август дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир мегардад, дастаҳои мунтахаби зери 16-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон, ки ба ҳайати CAFA дохиланд, ширкат меварзанд.
Бозиҳо аз як давра иборат аст. Ҳар як даста дар муддати як ҳафта панҷ бозӣ анҷом медиҳад. Даҳ бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ва даҳ бозии дигар дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо мегарданд.
Дар даври аввали мусобиқот имрӯз, 26-уми июл, ба ҷуз аз бозии Тоҷикистону Узбекистон, боз ду бозии дигар миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Туркманистону Эрон ва Афғонистону Қирғизистон баргузор мешавад.
Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ, ки рӯзи 25-уми июл дар Душанбе, дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон», доир гардид, гуфт, “чемпионати CAFA, барои мо яке аз марҳилаҳои муҳимтарини омодагӣ ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад. То бозиҳои интихобӣ якуним моҳ мондааст, бинобар ин мо омодагиро вусъат медиҳем. Дар чемпионати CAFA дар Душанбе мо панҷ бозӣ барпо мекунем, ки ҳар як дидор, осон нахоҳад буд. Вале мо, ки дар хона бозӣ мекунем, мекӯшем дар ҳар як бозӣ мухлисонамонро хурсанд намоем.”
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 14-ум то 22-юми сентябри имсол дар Урдун баргузор мешавад, дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт рақобат мекунад.
Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16)
Даври 1-ум
26 июл (ҷумъа)
18:00 – Туркманистон – Эрон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
18:00 – Афғонистон – Қирғизистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
20:30 – Узбекистон – Тоҷикистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 2-юм
27 июл (шанбе)
18:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
18:00 – Афғонистон – Туркманистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
20:30 – Узбекистон – Эрон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 3-юм
29 июл (душанбе)
18:00 – Қирғизистон – Узбекистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
18:00 – Тоҷикистон – Туркманистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
20:30 – Эрон – Афғонистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 4-ум
30 июл (сешанбе)
18:00 – Эрон – Тоҷикистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
18:00 – Афғонистон – Узбекистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
20:30 – Туркманистон – Қирғизистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 5-ум
1 август (панҷшанбе)
18:00 – Қирғизистон – Эрон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
18:00 – Узбекистон – Туркманистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
20:30 – Тоҷикистон – Афғонистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Муҳоҷирон нав аклтон даромад Россия рафтан бояд пеш аз омадан ба суи Ватан фикр мекарден оё баргашта мешавад ё не .
Дар Тоҷикистон чанд фоизи даромади моҳонаи аҳолӣ барои пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ равона мегардад? Дар оилаи мо ҳар моҳ аз 20 то 30 фоизи даромади оила бо ин мақсад хароҷот мегардад.
Хуб мешуд арзиши аслии барқи истеҳсолшаванда ва маблаи маоши аҳолиро низ бо дигар давлатҳо муқоиса мекардем.
Чи кор доред ба кори ин созмон. Шукр гуед, ки тинҷу ором зиндагӣ доред, ҳаминаш бас аст.
In opozitsiy ham, I hukumat bori, mavke yashro ro hej nameebad, apa napursided, ba masalai muhojiron inho chi nigoh dorand?