Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ворух


Мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ворух
Мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Ворух

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 26-уми июл дар Ворух бо ҳамтои қирғизи худ Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот кард. Тибқи иттилои расмӣ, оқои Раҳмон қабл аз мулоқот бо ҳамтои қирғизаш бо сокинони минтақаи марзии Ворух мулоқот намудааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳам иттилоъ медиҳад, ки раиси ҷумҳури он кишвар Сооронбой Ҷеенбеков низ ба минтақаи марзӣ расида ва бо мардуми Оқсой ҳаммарз бо Ворух, мулоқот кардааст. Вай гуфтааст, ки вазъ дар марзи кишвараш таҳти назорати шахсии ӯ қарор дорад.

Сафари президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ин минтақа тайи чанд рӯзи ахир саҳнаи муноқиша миёни сокинони марзӣ буд. Бар асари ин таниш 1 нафар ба ҳалокат расида, наздик ба 30 нафар аз ҳар ду ҷониб ҷароҳатҳо бардоштанд.

XS
SM
MD
LG