Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Остона хостанд, ҳамла ба хабарнигоронро фавран таҳқиқ кунад


"Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон" 25-уми июл аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки ҳамла ба хабарнигоронро дар нишасти хабарии шаҳри Алмато фавран таҳқиқ карда, дастандаркоронро ба ҷавобгарӣ бикашанд.

"Ин ҳамлаи ошкоро ба рӯзноманигорон дар конфронси ҳуқуқи инсон нафратбарангез аст. Мақомот бояд онро то охир биомӯзанд ва гунаҳкоронро муҷозот кунанд",-гуфт мудири барномаҳои кумита Карлос Мартинез де ла Серна.

"Рӯзноманигорон бояд барои бозтоби ҳодисаҳои муҳим имконият дошта бошанд ва ҳангоми иҷрои он набояд таъқиб шаванд. Ҳамчунин мақомот бояд амнияти онҳоро таъмин кунанд",-афзуд ӯ.

Ёдрас мешавем, хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ дирӯз, 22-уми июл барои иштирок дар конфронси "Давлат бо модарону кӯдакон мубориза мебарад" ба коргоҳи Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон рафта буданд.

Қарор буд, иштирокдорони нишаст дар ҳузури хабарнигорон ҷузъиёти парвандаи модарони серфарзанди боздоштшуда Оксана Шевчук, Гулзипа Ҷаукерова ва Жазира Демеуоваро шарҳ диҳанд, ки ба иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ба раҳбарии мухолиф Мухтор Аблязов айбдор мешаванд.

Аммо як гуруҳи занони ношинос дар ҷараёни конфронс ба хабарнигорону созмондиҳандагони нишаст ҳамла карда, иҷозат надоданд, ки ҳамоиш баргузор ва раванди он ба навор гирифта шавад. Кормандони пулис танҳо пас аз нимсоат ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуданд ва гуруҳи занон аллакай биноро тарк карда буданд. Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ тавонистанд танҳо яке аз занҳоро дастгир кунанд.

Ҳамчунин овозаҳое паҳн шуд, ки гӯиё ин ҳамла аз сӯи мақомоти Алмато тарҳрезӣ шуда буд. Вале вазири умури дохилии Қазоқистон Ерлан Тургумбоев ин иддаоро рад кард.

Ин бори аввал нест, ки рӯзноманигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ мавриди ҳамла қарор мегиранд. Рӯзи 6-уми июл низ ба кормандони радио ҳангоми бозтоби эътирозҳои Рӯзи пойтахти Қазоқистон ҳамла сурат гирифта буд. Кормандони пулис, ки дар маҳалли ҳодиса қарор доштанд, бо вуҷуди дархости рӯзноманигорон дахолат накарданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди кумаки муҳоҷирон ба кӯдакони чаҳор деҳаи бе мактаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG