Маллоҳони киштии "Ника Спирит"-и Русия, ки дар Украина боздошт шуда буданд, ба ватан бармегарданд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба сухангӯи сафорати Русия дар Киев Денис Голенко иттилоъ дод. Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Татяна Москалкова гуфт, маллоҳон ба воситаи Молдова ба ватан бархоҳанд гашт.
Дар Додситонии кулли Украина гуфтанд, ки ба ҳайси шоҳид 9 маллоҳи русро бозпурсӣ карданд, вале озод шудани онҳоро шарҳ надоданд. Намояндагони Хадамоти амнияти Украина (ХАУ) гуфтанд, ба далели халалдор нашудани раванди тафтишот ҷузъиёти қазияро шарҳ намедиҳанд.
Расонаҳои Украина навиштанд, ки маллоҳони рус гуфтаанд, дар сурати даъват ба бозпурсӣ ҳозир хоҳанд шуд.
Субҳи 25-уми июл маълум шуд, ки дар ҳудуди Украина киштии русии "Ника Спирит"-ро боз доштанд. Бино ба хабарҳо, киштӣ барои таъмир ба бандари Измаилаи вилояти Одесса ворид шудааст.
Ба огаҳии ХАУ, киштии мазкур моҳи ноябри соли гузашта дар амалиёти боздошти маллоҳон ва киштиҳои Украина иштирок дошт ва он замон "Нейма" ном дошт. Хадамот мегӯяд, номи киштӣ ба хотири пинҳон кардани иштирокаш дар амалиёти ғайриқонунӣ иваз карда шудааст.