Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: "Путин аз ман чанд дафъа хост, ба Русия равам"


Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон баъди анҷоми сафар дар Русия, ба ватанаш баргашт. Ҳавопаймои ҳомили вай дар пойгоҳи низомии Кант фуруд омад.

Отамбоев ҳангоми берун шудан аз пойгоҳ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, наметавонист, аз сафар ба Русия худдорӣ кунад, зеро президенти он кишвар Владимир Путин чанд маротиба ӯро ба мулоқот даъват карда буд.

"Маро барои сафар ба Москва танқид мекунанд. Вале вай на танҳо президенти Русия, балки дӯсти ман, фарди наздики ман аст. Вай барои ман ҳавопаймо фиристод, даъват кард... Ин бори аввал нест. Вай чанд маротиба даъват кард, ки ман равам. Кори нодуруст мешуд, агар намерафтам. Аз ҳамин хотир ман рафтам. Вай нигарони Қирғизистон аст, шумо изҳороти ӯро шунидед. Нигарон аст, ки мабодо бори севум инқилоб сурат гирад. Ман ба вай гуфтам, ки инқилобро ҳамеша ҳукуматҳо анҷом медиҳанд. Мардум аз ночорӣ ба кӯча мебароянд",-гуфт Отамбоев.

Президенти пешин муқоисаи сафари худро бо сафари номзади курсии президентии Қирғизистон дар соли 2017 Омурбек Бабанов ба Қазоқистон нодуруст меҳисобад.

"Нахуст, ман довталаби курсии президентӣ нестам. Ҳоло маъракаи интихоботӣ ҷараён надорад. Омурбек Бабанов ҳамчун номзад дархсоти пуштибонӣ кард ва эҳтимолан аз кишвари ҳамсоя на танҳо пуштибонӣ дархост карда буд. Албатта, ман ин амалро аз сӯи кишвари ҳамсоя ҳам кори нодуруст медонам. Зеро набояд дар интихоботҳо дахолат кард", - гуфт вай.

Отамбоев ҳамчунин илова кард, ки тасмим надорад, барои бозпурсӣ дар мақомот ҳозир шавад. Баъди суҳбат бо рӯзноманигорон вай ба манзилаш дар деҳаи Кой-Тош раҳсипор шуд.

Ҳайате бо роҳбарии президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 24 июл аз пойгоҳи низомии Канти он кишвар ба Русия парвоз кард. Отамбоев рӯзи 24 июл дар шаҳри Москваи Русия бо президенти он кишвар Владимир Путин мулоқот кард.

Дертар хадамоти матбуотии президенти Русия иттилоъ дод, ки Владимир Путин Отамбоевро ба ҳузур пазируфтааст. Путин гуфт, "Қирғизистон ба суботи сиёсӣ ниёз дорад ва ҳамаи шаҳрвандон бояд дар атрофи президенти феълӣ ҷамъ шуда, ба ӯ дар рушди кишвар кумак расонанд".

Вазорати умури дохилии Қирғизистон се бор Отамбоевро ба бозпурсӣ даъват кард. Вале ӯ ҳозир нашуд. Вакили дифои Отамбоев гуфт, даъвати шахси зери ҳимояаш ба бозпурсӣ ғайриқонунӣ аст, чун ӯ ҳанӯз ҳам аз унвони президенти пешин ва дахлнопазирӣ бархурдор аст.

Порлумони Қирғизистон 27 июни соли равон Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум кард.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG