Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санҷиш зидди сардори пулис, ки бо кишоварзон бадрафторӣ кард


Зидди сардори пулиси ноҳияи Касбии Узбекистон Чорӣ Кучаров, ки бо дастури ӯ соҳибкоронро боздошт карда, зери офтоби тафсон дар автобус чанд соат нигоҳ доштанд, санҷиши хидматӣ оғоз шудааст.

Ин хабарро дар Раёсати пулиси вилояти Қашқадарё, ки ноҳияи Касбӣ тобеи он аст, тасдиқ карданд. Ба гуфтаи бархе аз деҳқонон, мақомоти пулис онҳоро маҷбур доранд, ки аз баёноташон даст кашанд.

Пештар хабар доданд, ки кормандони пулис бо дастури Кучаров беш аз даҳ кишоварзро дар дохили автобус, дар ҳавои нафасгир нигаҳ доштанд.

Раҳбари хоҷагии деҳқонии "Новот Ниёз" Акрамҷон Новотови 56-сола мегӯяд, пас аз нашри хабар муовини сардори пулиси ноҳия Ойбек Сафаров талош дорад, ин қазияро пинҳон кунад.

"Ман бо кишоварзоне, ки дар дохили автобус маҳкам карда шуда буданд, суҳбат кардам. Онҳо мегӯянд, муовини сардори пулис аз онҳо талаб дорад, ки аз баёноти пешини худ даст кашанд ва бигӯянд, ки бо дастони боз дар дохили автобус ихтиёрӣ нишастанд. Бархе аз ҷабрдидаҳо розӣ шудаанд, вале баъзеи дигар, на",-афзуд Новотов.

Ёдрас мешавем, соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои афроде нашр шуд, ки дар дохили ҷӯйбори об рост истода, дар даст сангҳои вазнин доранд. Дертар маълум шуд, онҳо кишоварзоне аз вилояти Тошканд буданд, ки барои об надодани заминҳои кишти гандумашон аз сӯи мақомот бо ин шева муҷозот шуданд.

XS
SM
MD
LG