Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 6 моҳ 57 нафар дар Тоҷикистон ғарқ шудаанд


Мақомоти Кумитаи ҳолатфҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар нимсоли аввали соли ҷорӣ дар кишвар 22 нафар бар асари офатҳои табиӣ ҷон бохтанд.

Муҳаммадҷон Каримзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки 7 нафари ин афрод зери тарма монда ва боқимонда бар асари селобҳо ва раъду барқ ба ҳалокат расиданд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки шаш моҳи аввали соли 2019, 57 нафар дар дарёҳо ғарқ шуда ва ба ҳалокат расидаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, сабабҳои асосии ғарқшавии одамон дар дарёву кӯл ва обанборҳо риоя накардани қоидаҳои шино, оббозӣ ҳангоми мастиву сархушӣ, надонистани шиноварӣ, оббозӣ дар ҷойҳои хатарнок ва беаҳамиятии кӯдакон волидон ба кӯдакон аст.

XS
SM
MD
LG