Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев дастур дод, амволи соҳибкорон бе зарурат тахриб нашавад


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 23 июл ба мақомоти кишвараш дастур дод, ки бидуни зарурат амволи соҳибкоронро тахриб накунанд.

"Ҳамаи роҳбаронро қатъиян огоҳ мекунам: ба тахриби амволи соҳибкорон бидуни зарурати воқеӣ роҳ надиҳед",-гуфт Мирзиёев. Дар ҳамин ҳол вай ба вазоратҳои адлияву молияи кишвараш дастур дод, ки тартиби тахриб ва ҷуброни амволро такмил кунанд.

Рӯзи 22 июл вазорати адлияи Узбекистон эътироф кард, ки мақомоти чанд ноҳияи кишвар аз соҳибони амволи тахрибшуда наздики 35 миллион доллар қарздор шудаанд.

Дастури Шавкат Мирзиёев дар ҳолест, ки дар Узбекистон рӯзи 20 июл як соҳибкори маҳаллӣ дар вилояти Қашқадарёи он кишвар баъди наоумед шудан аз дарёфти ҷуброни амволи тахрибшудааш, як мақомдорро оташ зад.

Мақомдор дар бемористон бистарӣ ва соҳибкор боздошт шуд. Додситони кулли Узбекистон нисбати соҳибкор парвандаи ҷиноӣ боз кард.

XS
SM
MD
LG