Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамҷинсгароён ба ҳазфи банди "Амрадбозӣ" аз Кодекси ҷиноӣ даъват доранд


Ҷомеаи ҳамҷинсгароёни Узбекистон ба президент Мирзиёев муроҷиат карда ва хостааст, ки аз Кодекси ҷиноии ин кишвар муҷозот барои муносибатҳои маҳрамонаи миёни мардон ё амрадбозӣ бардошта шавад.

Фаъолоне, ки ба унвонии бахши узбекии Радиои Озодӣ муроҷиат кардаанд, мегӯянд, ки аз ҷомеаи ҳамҷинсгароҳои Узбекистон намояндагӣ мекунанд ва афзоиши ҳодисаҳои таҳқиру фишор ба ақалиятҳои ҷинсӣ дар ин кишвар боиси эҷоди фазои номусоид ва ҳам коррупсия шудааст.

Як нусхаи муроҷиати ин ҷомеа ба унвонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам ирсол шудааст. Дар ин нома чунин гуфта шудааст, “Ҷомеаи муҳофизакор ва бетаҳаммул ба шабакаҳои иҷтимоӣ сабти видеоии ҳодисаҳои боздошту таҳқир ва латукӯби намояндагони ҷомеаи ҳамҷинсгароҳоро нашр мекунад. Илова ба ин, дар интернет хабарҳое дар бораи ба зиндон маҳкум шудани афрод барои ҳамҷинсгароӣ пайдо мешванд. Мо мехоҳем, ки тамоми маълумотро дар ин замина ҷамъ карда, ба созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch ирсол кунем. Ҳадафи мо ин аст, ки аз Кодекси ҷиноии Узбекистон моддаи 120, яъне "Амрадбозӣ" ҳазф шавад. Ин модда роҳро барои муҳокимаҳои ғайриқонунии худсарона ва коррупсия боз мекунад. Умедворем, ки муроҷиати мо тавассути минбари СММ ба Мирзиёев ҳам мерасад".

"Озодлик" - бахши узбекии Радиои Озодӣ бо яке аз муаллифони ин муроҷиатнома ҳамсӯҳбат шуд. Ин шаҳрванди Узбекистон, ки аз амнияташ ҳарос дорад, гуфт, ки фаъолони ҷомеаи ақалиятҳои ҷинсии Узбекистон бисёр умедворанд, ки онҳо таваҷҷӯҳи президенти кишварро ба ин масъала ҷалб хоҳанд кард.

Ин шахс гуфт, "мо ақалият ҳастем. Ба ҳамин хотир, аз роҳи манбаъҳои илмӣ ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба аксарияти онҳое, ки ҳомофоб ҳастанд, талош мекунем шарҳ бидиҳем, ки чаро дар Узбекистон ҷомеаи ҳамҷинсгароҳо вуҷуд дорад. Вақтҳои охир ҳодисаҳои шикор ба намояндагони ин гурӯҳ афзоиш ёфтааст. Ҳодисаҳои зиёд аст, ки занону мардони ҳамҷинсгароро боздошт карда, аз онҳо барои пинҳон кардани тамоюлҳои ҷинсиашон пул талаб мекунанд. Мо дар навбати худ талош мекунем, ки ингуна афродро пайдо карда, барояшон кӯмаки зарурии равонӣ бирасонем".

Дигар ҳамсӯҳбатони "Озодлик", ки худро ҳамҷинсгаро муаррифӣ карданд, аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо гурӯҳҳои вижа таъсис дода, "ҳамҷинсгароҳоро ҳадаф қарор медиҳанд ва онҳоро шикор мекунанд". Ӯ гуфт, ки кори ин гурӯҳ азияту таҳдид ва пулкашӣ аз ақалиятҳои ҷинсӣ аст.

Мусоҳибони "Озодлик" мегӯянд, ки аксар аъзои ҷомеаи ҳамҷинсгароҳо, ки шуморашон ифшо намешавад, ҷавон ва таҳсилкарда, забондон ва пешрафта мебошанд.

Як дигар намояндаи ин ҷомеа мегӯяд, "мо, мисли ҳамаи дигар аъзои ҷомеаи Узбекистон, ҳуқуқи худро дорем. Талаб мекунем, ки ҳуқуқи мо риоят шавад. Мо мехоҳем, ки матбуоти Узбекистон ҳодисаҳои поймолкунии ҳуқуқи ақалиятҳои ҷинсиро пайгирӣ ва нашр кунед. Агар аз Кодекси ҷиноии Узбекистон моддаи 120 ҳазф шавад, Узбекистон ба унвони кишвари риоякунандаи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ситоиш мешуд".

Рӯзи 18-уми июл матбуоти интернетии Узбекистон дар бораи боздошти ду марде хабар доданд, ки бо ҳам иртиботи наздики ҷинсӣ доштаанд. Ин ду нафар дар як манзили воқеъ дар ноҳияи Челонзор дастгир шуданд. Нисбати онҳо бар асоси моддаи "Амрадбозӣ"-и Кодекси ҷиноии Узбекистон парванда боз шуд ва ҳоло ба ин ду нафар аз як то се соли зиндон таҳдид мекунад.

Узбекистон ва Туркманистон дар қаламрави собиқ Шӯравӣ танҳо кишварҳое мебошанд, ки барои равобити ҷинсии ҳамҷинсгароӣ муҷозот пешбинӣ мешавад.

Адами таҳаммулпазирӣ ба ақалиятҳои ҷинсиро президенти собиқ Ислом Каримов ҳам таъкид карда буд. Дар як изҳороташ Каримов муносибатҳои маҳрамонаи намояндагони як ҷинсро шадидан танқид карда онро "як падидаи бисёр нафратовар", номида буд.

Моҳи майи соли 2018 Узбекистон 11 пешниҳоди СММ оид ба ҳуқуқи башарро қабул накард, ки марбут ба ҷомеаи ҳамҷинсгароҳо буд. Раиси маркази милии ҳуқуқи башар Акмал Саидов дар шарҳи ин амали мақомот гуфт, ки машваратҳои радшуда бо моддаи 120-и Кодекси ҷиноии Узбекистон дар ихтилоф аст.

То ҳол маълум нест, ки президенти амалкунанда Шавкат Мирзиёев ба ин мавзӯъ чӣ назар дорад.

Шарҳҳоро бинед (16)

XS
SM
MD
LG