Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русия қасд дорад, дар интихоботи президентии Амрико дахолат кунад"


Русия қасд дорад, дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2020 дахолат кунад. Дар ин бора Критофер Рэй, мудири Бюрои таҳқиқоти федералӣ ё FBI рӯзи сешанбе хабар дод.

Ба гуфтаи Рэй, сарфи назар аз таҳримҳо ва дигар чораҳо, ки ба хотири пешгирӣ аз такрори сенарияи соли 2016 равона шудаанд, Москва ният надорад, ақибнишинӣ кунад. Пажуҳиши дусолаи додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер собит кард, ки Русия дар интихоботи соли 2016 ҳадафмандона дахолат кардааст. Русия бо пешбурди маъракаи таблиғотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳнсозии иттилои бардурӯғ талош кард, ки ба интихобкунандагони амрикоӣ таъсир расонад.

Дар пайи пажуҳиши Мюллер нисбати 25 шаҳрванди Русия ва се ширкати русӣ айб эълом шуд. Вашингтон ҳамчунин нисбати шаҳрвандон ва кормандони мақомоти иктишофии Русия таҳрим ҷорӣ кард, ки гуфта мешавад, дар дахолатҳои интихоботӣ даст доштаанд.

Суҳбати Рэй дар ҳолест, ки додситони махсус Мюллер қарор аст, аз натиҷаи пажуҳиши дусолаи худ дар конгресс гузориш диҳад. Дар гузориши Мюллер омадааст, ки ҳарчанд Русия талош кард, барои пирӯзии Доналд Трамп дар интихобот кумак расонад, вале Трамп ба ин талошҳо рабти мустақим надорад.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG