Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин: "Бинобар мушкили молӣ алоқамандони ҳаҷ коҳиш ёфтааст"


Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон мегӯяд, ки ба далели бӯҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ алоқамандони сафари ҳаҷ ҳамасола коҳиш меёбад.

Сулаймон Давлатзода, раиси ин ниҳод рӯзи 24-июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки соли 2018 Арабистони Саудӣ барои зоирини тоҷик ҳудуди 7,5 ҳазор саҳмия ихтисос дода буд. Аммо, дар ниҳоят танҳо ҳудуди 6,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тавонистаанд дар маросими ҳаҷ иштирок кунанд.

Вай афзуд, ки "соли ҷорӣ Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон 6,5 ҳазор саҳмия ҷудо кард, аммо имсол низ ҳамаи алоқамандон имкони сафар ба Арабистонро нахоҳанд пайдо кард. Зеро, яке маблағи фурӯши ҳосили кишоварзиро интизор аст ва дигаре ба умеди маблағи дигар. Баъд аз анҷоми маросими сафар ба ҳаҷ теъдоди дақиқи зоирон мушаххас хоҳад шуд".

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, дар гузашта алоқамандони сафари ҳаҷ ҳатто то соли 2030 номнавис шуда буданд. Дар посух ба ин савол, ки чаро ба ҷойи нафарони бепул алоқамандони дорои шароит ба ҳаҷ фиристода намешаванд, раиси Кумита гуфт, ки таҳияи асноди сафар вақт мехоҳад ва ба ин далел замони ниҳоӣ барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар соли ҷорӣ то 31-уми март мушаххас шуда буд.

Сафари имсолаи зоирон аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ рӯз 22-юми июл оғоз шуд ва нахустин гурӯҳи 160-нафарӣ дар ин рӯз аз пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри Ҷидда парвоз карданд.

Ҳаҷ яке аз фарзҳои шариати исломист. Аксари зоирон барои ин сафари муҳим тамоми умр пул ҷамъ карда, бархе дигар бо ёрии фарзандонашон ба ин орзуи худ мерасанд.

Харҷи ҳаҷҷи имсола 35 ҳазору 128 сомонӣ, муодили 3700 доллари амрикоӣ муайян шудааст. Ин нарх дар муқоиса ба соли гузашта тақрибан 1800 сомонӣ бештар аст.

XS
SM
MD
LG