Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: шумораи муҳоҷирон дар Русия афзоиш ёфтааст


Дар нимсолаи аввали соли равон шумори муҳоҷирон дар Русия 98 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст, ки дар даҳ соли ахир нишондоди аз ҳама баланд аст.

Дар ин бора коршиносони Пажӯҳишгоҳи сиёсати иқтисодии ба номи Ҳайдар ва Академияи иқтисоди милливу хадамоти давлатӣ дар гузориши худ зери унвони "Таҳлили вазъи иқтисодӣ дар Русия" хабар додаанд. Ба гуфтаи коршиносон, шумори муҳоҷирон афзоиш ёфта, вале дар миёнашон теъдоди онҳое, ки қонунӣ амал мекунанд, кам шудааст.

Асосан шаҳрвандони Қазоқистон, Украина, Тоҷикистон ва Арманистон барои пайдо кардани кор ба Русия мераванд. Аз ҳама бештар шаҳрвандони Арманистон, Украина ва Белорус ба Русия мерафтаанд. Шумори муҳоҷирон дар Русия аз ҳисоби шаҳрвандони Чин, Сербистон ва Сурия афзоиш ёфтааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG