Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимзода шиканҷа шудани Гадоев дар ВКД-ро рад кард. ВИДЕО


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисбати Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифин ҳангоми буданаш дар Тоҷикистон аз зӯрӣ истифода нашудааст. Ин бори аввал аст, ки як мақоми баландпояи Тоҷикистон дар бораи қазияи Шарофиддин Гадоев изҳори назар кард.

Рамазон Раҳимзода, рӯзи 23-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ зӯран овардани Шарофиддин Гадоевро рад кард ва танҳо гуфт, "Гадоев худашон ихтиёран баргаштанд". Рамазон Раҳимзода иддаои Гадоев дар бораи шиканҷа шудани ӯ дар ВКД-ро пурра рад кард.

"Ӯ чӣ мегӯяд, намегӯяд, ихтиёри худаш аст. Боз мумкин бармегарданд. Озод аст. Мо он чизе буд, гуфтем, ягон таҳқиқ накардем ва ягон зӯрӣ истифода накардем",-таъкид кард Рамазон Раҳимзода. Вазири умури дохилии Тоҷикистон бо такрор гуфт, Шарофиддин Гадоев бо хоҳиши худаш ба ватан баргашт.

Рамазон Раҳимзода қазияи Шарофиддин Гадоевро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:39 0:00

Моҳи феврали соли равон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Шарофиддин Гадоев бо хоҳиши худаш ба ватан баргаштааст. Ин дар ҳолест, ки Шарофиддин Гадоев баъди бозгашт ба Аврупо гуфт, ӯро дар Маскав дастгир карда, зӯран ба Тоҷикистон оварданд. Гуфта мешуд, ки Гадоев дар пайи талошҳои кишварҳои аврупоӣ раҳо шуд ва ба Ҳолланд баргашт. Ӯ дар ин кишвари аврупоӣ мақоми паноҳандагӣ дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG