Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон мураббиёни боғчаҳоро баъди мусобиқаи дав ба кӯчарубӣ маҷбур карданд


Дар шаҳри Зарафшони Узбекистон кормандони муассисаҳои томактабӣ шикоят доранд, ки онҳоро ба мусобиқаи дав даъват карда, баъди анҷоми мусобиқа ба кӯчарубӣ маҷбур кардаанд.

"Ба мо гуфтанд, ки рӯзи 15 июл мусобиқаи дав баргузор мешавад ва хостанд, ки бо либоси варзишӣ иштирок кунем. Вақте мо ба маҳаллаи "Янги Зарафшон" расидем, моро маҷбур карданд, ки ҳудуди маҳалларо бирубем",-гуфт як мураббия, ки нахост номаш зикр шавад.

Кормандони муассисаҳои томактабӣ дар шаҳри Зарафшон мегӯянд, онҳоро ҳар аз чанд гоҳ ба поккории кӯчаҳо иҷборан ҷалб мекунанд.

Як коргари дигар, ки худро ёвари мудири шуъба муаррифӣ кард, гуфт, дар бораи ба кӯчарубӣ ҷалб шудани кормандони боғчаҳо иттилоъ надорад. "Дар шаҳри мо ҳар ҳафта рӯзи тандурустӣ баргузор мешавад. Дар он рӯз ҳамаи кормандон ба машқи бадан машғул мешаванд. Оё мешавад, рӯзи тарбияи ҷисмониро кори иҷборӣ унвон кард?",-гуфт ин масъули бахши таҳсилоти томактабии шаҳр.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон борҳо зидди ба кори иҷборӣ ҷалб кардани кормандони буҷавӣ баромад кардааст. Аммо сарфи назар аз таъкидҳои Мирзиёев дар он кишвар ҳанӯз таҷрибаи ҷалби кормандони соҳаи буҷавӣ ба корҳои иҷборӣ дида мешавад.

XS
SM
MD
LG