Дар Украина бори нахуст як сиёҳпӯст вакили порлумони ин кишвар интихоб шуд. Жан Беленюк аз рӯйхати Ҳизби "Ходими халқ" ба порлумон роҳ ёфтааст. Бино ба натиҷаҳои пешакӣ, ҳизби "Ходими халқ"-и президенти Украина Владимир Зеленский дар интихобот пешсаф аст.
Беленюк 28 сол дошта, дар шаҳри Киев ба дунё омадааст ва модараш украинӣ аст. Падари Жан Беленюк -- зодаи Руанда дар ҷанги шаҳрвандии ин кишвар дар соли 1994 кушта шудааст.
Жан Беленюк пеш аз ворид шудан ба сиёсат бо варзиш машғул буд. Ӯ гуфт, пас аз интихобот ба фаъолияти варзишии худ хотима мебахшад ва ҳамчунин ният дорад дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио иштирок кунад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро барои Украина медали нуқра оварда буд.