Ба иттилои ин манбаъ, кумита оид ба мақоми бозигарони Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) ба нимҳимоятгари «Истиқлол» Алишер Ҷалилов иҷоза додааст, ки дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад. Номаи расмӣ дар ин бора ба унвони ФФТ рӯзи 19-уми июл расидааст.
Алишер Ҷалилов, ки дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, соли 2004 ба Маскав кӯчидааст. Аз ҳамон сол ӯ шогирди мактаби варзишии кӯдакону наврасон (ДЮСШ)-и «Локомотив»-и Маскав буд. Соли 2009 ба дастаи ҷавонони «Рубин»-и Қазон гузаштааст. 18-уми июни соли 2011 дар ҳайати асосии «Рубин» дар меҳмонӣ муқобили «Ростов» ба майдон омадааст. Соли 2012 ба дастаи «Нефтехимик»-и Нижнекамск ба иҷора дода шудааст, ки дар ин бошгоҳ 28 бозӣ карда, 2 гол задааст.
Алишер Ҷалилов беҳтарин бозигари ҷавони Лигаи миллии футболи Русия дар мавсими 2012/13 дониста шудааст. Тобистони соли 2013 ба «Рубин»-и Қазон баргаштааст. Мавсими 2017-2018-ро дар ҳайати «Балтика»-и Калининград гузаронидааст. Ӯ ба ҳайати дастаҳои наврасони Русия ҷалб шуда буд.
Алишер Ҷалилов аз моҳи январи имсол дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекунад.