Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, маллоҳони нафткаши бритониёӣ сиҳату саломатанд


Стена Имперо дар яке аз бандарҳои шаҳри Бандар Аббоси Эрон нигаҳ дошта мешавад.
Стена Имперо дар яке аз бандарҳои шаҳри Бандар Аббоси Эрон нигаҳ дошта мешавад.

Мақомоти Эрон рӯзи 21-уми июл гуфтанд, 23 маллоҳи нафткаши боздоштшудаи Бритониё “амн ва саломатанд”. Дар ин бора Аллоҳмурод Афифипур, мудири Созмони Бандарҳо ва Дарёнавардӣ дар вилояти Ҳурмузгон бо телевизиони давлатии Эрон сухан гуфт. Айни замон Бритониё дигарбора амалкарди Эронро танқид кард ва гуфт, ки нафткаш дар қаламравҳои обии Баҳрайн қонунӣ ҳаракат мекард. Мақомоти ин кишвар боздошти киштиро “амалкарди хасмона” номида гуфтанд, иддаои Эрон, ки нафткаш ба як қаиқи моҳигирии эронӣ бархӯрдааст, асосе надорад.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи 20-уми июл видеоро нашр кард, ки дар он яке қаиқҳои сипоҳро дар канори нафткаш нишон медиҳад ва сипас сарбозони ниқобпӯш аз чархбол ба киштӣ фуруд меоянд. Ҳодисаҳои ахир дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз, яке аз муҳимтарин роҳҳои киштиҳои нафткаши ҷаҳон танишҳо байни Эрону Ғарбро барангехт. Ҳоло нигарониҳо авҷ гирифтаанд, ки мумкин аст, кашмакашу даъво ба ҷанг бикашад, қимати нафт дар ҷаҳонро боло барад ва бимаи киштиҳои нафткаш ҳам гаронтар шавад.

Пеннӣ Мордант, вазири дифои Бритониё боздошти киштии Стена Имперо дар рӯзи 19-уми июлро “амалкарди хасмона” номидааст ва Ҷеремӣ Ҳант, вазири умури хориҷӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо Муҳаммадҷавод Зариф, ҳамтои эрониаш гуфтааст, ки аз ин рафтор “бисёр ноумед” шудааст.

XS
SM
MD
LG